Коршиносон оид ба ҳамкории Омбудсмен бо ҷомеаи шаҳрвандӣ

Коршиносони миллию байнулмилалӣ сатҳи ҳамкории Омбудсменро бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон таҳлил карданд.

Дар робита рӯзҳои 17-18 сентябри соли 2013 семинар барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкории ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар Душанбе баргузор шуд. Ҳамоиши мазкурро Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Ҳукумати ҶТ созмон доданд. 

Нишасти дурӯза беш аз 50 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз саросари кишвар, Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии ӯ дар минтақаҳо, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳайати дипломатиро гирди ҳам овард. Дар семинар инчунин коршиносони созмонҳои ғайридавлатии байнулмилалӣ, аз қабили Бунёди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Penal Reform International («Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо», PRI), Мушоракати ғайритиҷоратии «Маркази байниқавмии байнулмилалӣ» (Русия) ва Пажӯҳишгоҳи молдавӣ оид ба ҳуқуқи инсон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷараёни семинар ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, афзоиши нақши онҳо дар пешбурду ҳимояти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таҳияи қонунҳои дахлдор ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, масоили ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самтҳои таҳлил ва пешбурди сиёсат дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар гурӯҳҳои осебпазир, инчунин пешбурди тавсияҳои СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон муҳокима шуданд.

Ҳамзамон иштирокдорон зарурати ҳамкории Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро бо Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон барои мониторинги муштараки муассисаҳои пӯшидаи кишвар иброз доштанд. Зимнан таҷрибаи пешқадами байнулмилалӣ оид ба истифодаи муассир аз Механизмҳои миллии пешгирӣ баррасӣ шуд.

Дар ҷамъбаст намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ як қатор тавсияҳоро қабул карданд, ки ба беҳтар гардонидани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон равона шудаанд. Мувофиқи таҷрибаи маъмулӣ, тавсияҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо пешниҳод гардида, зимниҷаласаи навбатии Муколамаи байни Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар охири соли ҷорӣ баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Семинари ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҷузъи Муколамаи ҳамасола оид ба ҳуқуқи инсон миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади баррасии доираи васеи масоили ҳуқуқи инсон баргузор мегардад. Муколама баъд аз тасдиқи Дурнамои «Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: дурнамои шарикии навин» аз ҷониби Шӯрои Аврупо дар моҳи июни соли 2007 оғоз гардида, ба пешбурди риояи ҳуқуқи инсон, озодиҳои асосӣ ва унсурҳои мардумсолорӣ равона шудааст.

Муаллиф: Аҳлиддин Салимов, "Азия-Плюс", 18-уми сентябри соли 2013.