Маҳбуси собиқ дар бораи шиканҷа дар маҳбасҳо

Абдукарим Зоиров, собиқ маҳбуси тоҷик, ки дар муассисаҳои гуногуни ислоҳии Тоҷикистон 13 сол аз озодӣ маҳрум буд, дар бораи фактҳои шиканҷа, сабаб ва омилҳои он нақл кард.

нав 02 1 from tojnews on Vimeo.

Вай аз соли 1999 то тобистони соли гузашта, 13 соли умрашро, аз ҷумла, дар муассисаҳои ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе, зиндони №3-и шаҳри Ваҳдат пушти сар кардааст.

Абдукарим Зоиров аз ҷумла дар бораи шиканҷа шудани Суннатулло Ризоев, маҳбуси муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт, ки баъди шоҳидӣ додан дар қазияи марги Ҳамза Икромзода, дар ҳамин маҳбас ба Хуҷанд интиқол ёфта, ҳоло бо гумони сохтакории далелҳои айбдоркунии масъулини маҳбас муттаҳам мешавад, ҳарф задааст.

Абдукарим Зоиров, ҳоло дар озодӣ аст. Вай пешниҳоди моро дар бораи он ки бари ҳифзи амнияти ӯ чеҳрааш дар навори видеоӣ намоиш дода нашавад, рад карда гуфт, мехоҳад ҳақиқати ҳолро баъди 13 соли зиндон ба ҷомеаи Тоҷикистон, бахусус масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон расонад.

TojNews