«Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир»: мо дар давраи пандемия ба аҳолии ВМКБ фаъолона кумак мерасонем

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид сохтааст. Бо муроҷиат ба аъзои Эътилоф, аз онҳо пурсон шудем, ки барои чӣ узви Эътилоф шудаанду кадом вазифаҳоро бар уҳда доранд ва дар замони пандемияи Covid-19 кадом корҳоро барои Эътилоф анҷом доданӣ ҳастанд? Инак, назари роҳбари «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир» Манучеҳр Холиқназаров дар ин маврид:

- Ташкилоти ҷамъиятии «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир» ташкилоти ҳуқуқҳимоякунанда ба шумор меравад, ки 26-уми июли соли 2010 дар Раёсати адлияи ВМКБ аз қайди расмӣ гузашта, 23-юми феврали соли 2016 аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Аз замони таъсиси Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ташкилоти мо аввалин шуда ба сафи он дохил шуд, чун рисолати мо мусоидат ба пешбурду васеъ намудани ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, татбиқи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон дар қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ, гузаронидани ислоҳоти демократӣ, устуворсозии шартҳои демократикунониву таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа ва ғайра аст. Дар навбати худ, рисолати Эътилоф ба мо имкон медиҳад, ки якҷоя бо дигар ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мушкилоти мубориза бо шиканҷа ва беҷазоиро ҳал намоем.

Мо хурсандем, ки анҷуманамон дар ҳама самтҳои кори Эътилоф амалан ҷалб карда шудааст.

Пандемияи COVID-19 ба кори ташкилоти мо ва Эътилоф дар умум тағйироти ҷиддӣ ворид кард. Вале мо тавсияҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва СҶТ-ро дастгирӣ мекунем. Анҷуман ба аҳолии ВМКБ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини воситаҳои муҳофизати шахсӣ, антисептикҳо ва дорувории зарурӣ фаъолона кумак мерасонад.

NoTorture.Tj