Эътилофи зидди шиканҷа ва СРИҶҶ барои кормандони системаи пенитенсиарӣ силсилаи тренингҳоро мегузаронанд

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ барои кормандони системаи пенитенсиарии кишвар силсилаи тренингҳоро мегузаронанд.

Мавзӯи тренингҳо «Хусусиятҳои нигоҳдорӣ ва дастгирии равонии маҳбусон тибқи стандартҳои милливу байналмилалӣ (Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи зидди шиканҷа, Қоидаҳои Мандела, Қоидаҳои Пекинӣ, Қоидаҳои Бангкокӣ, Протоколи Истамбулӣ) аст.

Тренинги нахустин аз ин силсила, ки аз ҷониби сафорати ИМА дар ҶТ дастгирӣ ёфт, аввали моҳи март доир гардид. Тренинги дуюм 30-31-уми март дар ҳудуди колонияи занона дар Норак баргузор шуд. Иштирокдорони чорабинӣ 25 нафар - кормандони тиббӣ, роҳбарони гуруҳҳо, кормандони фавриву ҳарбӣ, кормандони омӯзанда ва равоншиносон ба шумор мераванд.

Дар рӯзи аввали тренинг бо рӯнамоии Стратегияи ислоҳоти системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 роҳбари шуъбаи кадрҳои СРИҶҶ Сироҷиддин Нуров баромад кард. Дар бораи уҳдадориҳои байналмилалии кишварҳо (ҳуҷҷатҳои байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ва тавсияҳои асосии оҷонсиҳои СММ) Абдураҳмон Шарипов - ҳуқуқшиноси ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки шомили Эътилоф аст, сухан гуфт. Ӯ ҳамзамон дар мавзуи «Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа: шарҳи меъёрҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои давлат» баромад карда, оид ба Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмона, ѓайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо изҳори назар намуд.

Иштирокдоронро бо вазъи маҳбусон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои ҳадди ақали СММ оид ба муносибат бо маҳбусон - «Қоидаҳои Бангкокӣ» намояндаи ТҶ «Ҷаҳон» Зуҳро Мирзоева ошно месозад.

31-уми март мутахассис оид ба Протоколи Истамбулӣ Парвина Наврӯзова дар бораи Дастурамал оид ба тафтиши самаранок ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ѓайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо сухан гуфт.

Тақдиршо Шарипов - профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии ДМТ дар бораи ҳуқуқҳои маҳбусон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои ҳадди ақали СММ оид ба муносибат бо маҳбусон - Қоидаҳои Нелсон Мандела изҳори назар кард.

Интизор меравад, ки давоми сол чунин тренингҳо дар ҳудудҳои муассисаҳои ислоҳотӣ дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар доир мегарданд.

NoTorture.Tj