Маркази ҳуқуқи инсон амалисозии лоиҳа оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулиро оғоз кард

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ лоиҳаи «Коркарди муқаррароти дохилии хадамоти руҳӣ ва боло бурдани иқтидори кормандони мақомоти прокуратура оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ»-ро амалӣ менамояд.

Мувофиқи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, на танҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, балки азобҳои ахлоқиву равонӣ низ бояд баҳогузорӣ карда шаванд. Барои баҳогузории оқибатҳои равонии шиканҷа гузаронидани ташхиси маҷмуии равонӣ-руҳӣ ба хотири муаяйн намудани ҳолати стрессии баъди ҷароҳатбардорӣ ё депрессияи амиқ зарур аст. Аммо на ҳама табибон барои гузаронидани ташхисҳои руҳӣ омодаанд. Муқаррароти дохиливу варақаҳои тиббии хадамоти руҳӣ бошанд, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў нестанд. Дар таҷрибаи амалӣ оид ба аризаҳо дар бораи истифодаи шиканҷа оқибати истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона аз ҷониби ташхисгарон на ҳамеша баҳогузорӣ карда мешаванд. Ба ҳамин хотир, дар доираи лоиҳа дар якҷоягӣ бо таҳлилгарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили муқаррароти дохилии хадамоти руҳӣ ва коркарди муқаррароти нав мувофиқи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои Протоколи Истамбулӣ гузаронида мешавад.

Инчунин, дар доираи лоиҳа дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани тренингҳо барои кормандони мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд дар масъалаи тафтиши самараноки далелҳои шиканҷа ва таъин намудани ташхис оид ба баҳогузории оқибатҳои равониву ҷисмонии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ ба нақша гирифта шудааст. Тренингҳо дар доираи Барномаҳои таълимӣ дар самти ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2012 таҳти №678 тасдиқ шудааст ва Нақшаи миллии амал барои иҷрои тавсияҳои давлатҳои узви Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тибқи тартиби Тафсири даврии универсалӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020 (бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми июни соли 2017 таҳти №РП-901 тасдиқ гардидааст) гузаронида мешаванд.

Лоиҳа аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бо дастгирии Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

NoTorture.Tj