Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Оё медонед, ки ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии шиканҷа ва ҳимояи ҳуқуқи инсон чӣ нақш бозида метавонанд? Чӣ бояд кард, агар шахс дар бораи шиканҷа ё муносибати бераҳмона хабар диҳад?
Дар ин матлаби видеоӣ ҳуқуқшинос ба саволҳои муҳим дар бораи нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳимоя аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона посух гуфта, шарҳ медиҳад, ки чӣ гуна ёрии ҳуқуқиву тиббӣ гирифтан, чаро фавран дар бораи қонуншиканиҳо хабар додан ва барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба куҷо муроҷиат кардан мумкин аст.
Барои донистани ҳуқуқҳои худ ва фаҳмидани он ки дар сурати хатари шиканҷа ё муносибати бераҳмона чӣ кор кардан лозим аст, матлаби видеоиро бубинед.