Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Оё медонед, ки агар шуморо ғайриқонунӣ боздошт кунанд, нисбат ба шумо зӯроварӣ ё таҳдид истифода шавад, чӣ бояд кард? Оё шумо ҳуқуқ доред, ки то оғози пурсиш бо адвокат вохӯред ва ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқҳоятон ба куҷо муроҷиат кунед?
Дар видеоматериали нав юрист ба саволҳои муҳим оид ба ҳифз аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷавоб медиҳад: мефаҳмонад, ки дар кадом ҳолатҳо боздошт иҷозат дода мешавад, шахси боздоштшуда чӣ ҳуқуқ дорад, чаро сари вақт ба адвокат муроҷиат кардан муҳим аст, ҳангоми пайдо шудани осори зӯроварӣ чӣ бояд кард ва барои ҳимояи ҳуқуқҳо ба куҷо муроҷиат намуд.
Видеоматериалро тамошо кунед, то ҳуқуқҳои худро донед ва тарзи амал карданро барои ҳифзи онҳо бифаҳмед.