Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Агар ҳуқуқҳоятон нақз шаванд, медонед ба куҷо муроҷиат намоед? Ҳангоми боздошт чӣ бояд кард, чӣ гуна бояд сари вақт кумаки адвокатро гирифт, дар сурати таҳдиду шиканҷа чӣ чора бояд андешид ва барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Дар матлаби видеоии ҷадид адвокат ба саволҳои актуалӣ оид ба механизмҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ посух медиҳад: мефаҳмонад, ки шахс ҳангоми боздошт кадом ҳуқуқҳоро дорад, чаро сари вақт ба адвокат муроҷиат кардан муҳим аст, дар сурати шикоят дар бораи шиканҷа чӣ гуна бояд рафтор кард, оё нишондоди таҳти фишор гирифташударо истифода бурдан мумкин аст, ҷабрдида умедвори чӣ гуна кумак ва ҷуброн буда метавонад?
Матлаби видеоиро бубинед, то ҳуқуқҳои худро бидонед ва дарк намоед, ки барои ҳимояи онҳо ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст.