Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
9-12 июни соли 2014 Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо шарикии Дафтари Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон ва Маркази ҳуқуқӣ инсон барои табибони рӯҳшинос, мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббӣ, судяҳо, кормандони додситонӣ ва адвокатҳои ҷумҳурӣ аз рӯи меъёрҳои Протоколи Истанбул омӯзиш мегузаронанд.
Иштирокчиёни тренинг тӯли чор рӯз ба ду гурӯҳ (табибон ва хуқуқшиносон) ҷудо шуда, бо асосҳои тафтиши далели истифодаи шиканҷа ва ҳамчунин бо меъёрҳои байналхалқии гузаронидани ташхиси судии тибии ҷабрдидаҳои эҳтимолии шиканҷа ва санадсозии далели шиканҷа шинос мешаванд.
Кормандони Созмони «Табибон барои ҳуқуқи инсон», ки яке аз муаллифону таҳиягарони Протоколи Истанбул мебошанд, дар омӯзиши мазкур вазифаи коршиносонро ба дӯш доранд. Чунин омӯзишҳо қаблан дар Қирғизистон, Қазоқистон ва дар дигар кишварҳои ҷаҳон, ки меъёрҳои Протоколи Истанбул ба қонунашон ворид гардида, дар амал истифода мешаванд, гузаронида шудаанд.
Замони оғози чорабинӣ: 9 июни соли 2014, соати 9.00.
Макон: Бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ, ошёнаи 2.
Маълумот: Протоколи Истанбул дастури самараноки тафтиш кардану санадсозии далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву муҷозот мебошад. Дар он принсипҳои роҳбарикунандаи баҳогузории вазъи ҷабрдидаҳои эҳтимолии шиканҷаву муносиботи бераҳмона, ҳамчунин пешниҳоди натоиҷи чунин баҳогузорӣ аз ҷониби мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки барои тафтиши далелхои шиканҷа масъуланд, зикр ёфтаанд.
Протоколи Истанбул – ин натиҷаи заҳмати сесолаи кори таҳлилии 75 коршиноси соҳаи тиб ва ҳуқуқи инсон мебошад, ки аз 40 ташкилоту муассисаи 15 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекарданд. Соли 1999 санади мазкурро СММ ба мақсади ба мамлакатҳо додани дастури амалии санадсозии самараноки далелҳои шиканҷа қабул кардааст. Протоколи мазкур имкон медиҳад, ки далелҳои шиканҷа ва муносиботи бераҳмона ба хотири таъмини адолати судӣ ошкору ифшо карда шаванд.
Принципҳои протокол (ҳамчун «Принципҳои Истанбул» маъруф аст) таҳияи меъёрҳои ҳадди ақалро дар бар мегиранд, ки одатан аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб дар қазияҳои миллӣ ва байналмилалӣ барои баҳогузории собит кардани шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи ҷисмониву равонӣ истифода мешаванд.
Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба ҳамоҳангсози барномаи ҳуқуқии ИҶК-БМ Ҷовид Ибодов бо телефонҳои: 44 107 28, 44 107 50, 227 55 58 ё бо почтаи электронии jovid@osi.tajik.net муроҷиат намоед.