Сабаби марги Толибҷон Дӯстов аз нав ташхис мешавад

Намояндаи ҳамсари Толибҷон Дӯстов дар мурофиаи навбатӣ вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадулло Идиев бо дархост аз суд хоҳиш кард, то вобаста ба муайян намудани сабаби марги Толибҷон Дӯстов ташхиси судӣ-тиббии комиссионӣ таъин намояд.

Адвокат Далер Қурбонов дар дархосташ қайд кард, ки онҳо бо хулосаи ташхиси суди-тиббии комиссионӣ, ки 21-уми ноябри соли 2017 аз тарафи коршиносони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судӣ-тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида шудааст, розӣ нестанд. Ин комиссия сабаби марги Толибҷон Дӯстовро асфиксияи механикӣ номидааст.

- Ҳангоми таъин кардан ва гузаронидани ташхиси комиссионӣ дар рафти тафтишоти пешакӣ, ҳуқуқҳои ҷабрдида оиди ба коршинос раддия изҳор намудан, дар бораи дур кардани муассисаи экспертӣ аз гузаронидани ташхис, хоҳиш намудан, ки шахсони аз тарафи мо зикршуда ё мутахассисони муассисаҳои мушаххаси судии экспертӣ ба ҳайси коршиносон ҷалб карда шаванд, саволҳои  иловагӣ пешниҳод намудан, дар вақти гузаронидани ташхис ҳузур доштан ва ба коршинос саволҳо додан, шарҳу тафсир додан вайрон гардидааст. Аз ин хотир, мо аз суд хоҳиш дорем, ки ташхиси судӣ-тиббии комиссионии такрорӣ таъин намояд ва ин ташхис ба зиммаи Маркази ташхиси судӣ-тиббии пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ва ё коршиносони судӣ-тиббии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад,- мегӯяд адвокат.

Ин дар ҳолест, ки адвокати судшаванда Маҳмадулло Идиев - Ғулом Бобоев таъини ташхиси такрории комиссионии судӣ-тиббиро нозарур донист. “Ин дархости тарафи ҷабрдида бо айби ба зерҳимояи ман эълоншуда бо моддаи 316 қисми 3 банди “а” мувофиқат намекунад ва зарурат ҳам надорад. Агар ба зерҳимояи ман бо модаи 316 қисми 3 банди “в” айб эълон мешуд, шояд бо тарафи ҷабрдида розӣ мешудам. Аммо дар ин ҳолат ман аз суд хоҳиш дорам, ки дархост қонеъ карда нашавад”,- гуфт Ғулом Бобоев.

Суд дар навбати худ дархости адвокат Далер Қурбоновро қисман қонеъ кард. Яъне, суд ташхиси такрории комиссионии судӣ-тиббиро таъин намуд, вале онро коршиносони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судӣ-тиббии Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегузаронанд.

Суд то омода шудани хулосаи ташхиси комиссионии такрории судӣ-тиббӣ танаффус эълон кард.

NoTorture.Tj