Article Pages

Созмони Афви Байналмилал (АБ), аз созмонҳои муътабари дифоъи ҳуқуқи башар бо интишори баёнияе аз рабуда шудани паноҳҷӯи тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ карда ва хостори таҳқиқи ин қазия аз суи мақомоти Русия шудааст. Дар баёнияи ин созмон омадааст, ки Исмон Азимов, аз маркази нигаҳдории муваққати муҳоҷирон дар вилояти Твери Русия рабуда шудааст. Ин созмон мегӯяд бими он меравад, ки ин паноҳҷӯи...

09.12.2013 - 22:35

Се сокини Исфара, ки ду нафарашон узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонанд, дар ҳамкорӣ бо созмони манъшудаи «Ҳаракати исломии Узбакистон» муттаҳам шуданд. Додситонии шаҳри Исфара се шаҳрвандро дар ҳамкорӣ бо созмони террористӣ айбдор кард. Гуфта мешавад, ду нафари онҳо аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонанд ва қазияи боздошти яке аз онҳо бо номи Умедҷон Тоҷиев моҳи гузашта...

09.12.2013 - 21:51

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз роҳандозии тарҳе сесола дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон хабар доданд, ки ҳадафи аслияш аз байн бурдани хушунат алайҳи кӯдакон дар муассисоти баста аст. Ин тарҳ бо кумаки Иттиҳодияи Урупо аз сӯйи созмонҳои Маркази ҳуқуқи кӯдакон, Омбудсмани Тоҷикистон ва Идораи Байналмилалии Ислоҳот дар муассисоти бастаи Осиёи Миёна ба иҷро дармеояд. Гулчеҳра...

05.12.2013 - 18:56

Созмони Афви байналмилал (Amnesty International) бо пахши як изҳорот аз шеваи боздошт ва нигаҳдошти Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, изҳорои нигаронӣ кардааст. Дар изҳороти ин созмон гуфта мешавад, ки "Умедҷон Тоҷиев аз 30-юми октябри соли ҷорӣ то ба инҷониб дар боздоштгоҳ ба сар мебарад ва наздикону пайвандонаш иммкони рӯ ба рӯ шудан бо ӯро надоранд". Хешовандони...

29.11.2013 - 21:56

Дар ҷаласаи навбатии судӣ оид ба баррасии парвандаи собиқ корманди Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон ба иттиҳоми истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ адвкоатҳо дар бораи ивази судяи суди шаҳри Қӯрғонтеппа Бахтиёр Искандаров дархост пешниҳод карданд. Талбон Сафаров, адвокати собиқ корманди Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон Машраф Алиев, ки дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддахои 143, қ. 1, замим. 1 (...

27.11.2013 - 16:58

Модари Умедҷон Тоҷиев дар боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд бо фарзандаш мулоқот кард ва вазъи саломатии вайро хеле бад арзёбӣ кард. Бибисалима Тоҷиева рӯзи 25 ноябр пас аз мулоқот бо фарзандаш - Умедҷон Тоҷиев, узви боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт вазъи саломатии писараш «беҳад бад аст, як пояш ҳангоми аз ошёнаи сеюми ШКД-и Исфара ба замин афтидан шикастааст ва пойи дигараш сахт...

25.11.2013 - 17:55

Файзалӣ Икромов, падари Ҳамза Икромзода, маҳбуси муассисаи ислоҳии рақами 1-и шаҳри Душанбе, ки тирамоҳи соли гузашта дар натиҷаи шиканҷа дар маҳбас ба ҳалокат расид, ба Суди Олии Тоҷикистон бо талаби ҷуброни хунбаҳои писараш муроҷиат кардааст. Дар сӯҳбат ба TojNews Икромов гуфт: "Дар аризаи шикоятиаш ба Суди Олии кишвар вай аз масъулини маҳбаси №1, аз ҷумла, Рустам Тоштемиров, сардори...

22.11.2013 - 11:26

Following its mission to Tajikistan on 10-13 November, the ICJ called on the Tajikistan authorities to reconsider provisions of a draft law which could undermine the independence of the legal profession. The draft Law on Lawyers’ Activities and Advokatura would allow the Ministry of Justice a significant role in regulating entry to the profession. In particular, the Qualification Commission...

20.11.2013 - 09:27

Аз замони ворид кардани банди «шиканҷа» дар Қонуни ҷиноии Тоҷикистон дар соли 2012, то нимаи дуюми соли равон алайҳи 15 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ин иттиҳом парванда боз шудааст. Аз ҷумла, дар 6 моҳи аввали соли равон 5 корманди ҳифзи ҳуқуқ барои «шиканҷа», ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд. Муҳаммадризо Халифазода, сардори раёсати назорати иҷрои қонун дар мақомоти корҳои...

19.11.2013 - 21:18

Адвокати Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар Исфара ба гумони ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ боздошт шуда, феълан дар СИЗО-и Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад, мегӯяд, имрӯз, 13-уми ноябр, баъди даҳ рӯзи боздошти зерҳимояш, билохар вохӯрӣ ва суҳбат кардааст. Юсуф Донёров, адковати Умедҷон Тоҷиев мегӯяд, зерҳимояаш бо ду пойи шикаста  дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад...

13.11.2013 - 17:52

Страницы