Латукӯби рӯзноманигори ҷавон дар сархати ахбори расонаҳо

Дар моҳи сентябри соли равон яке аз қазияҳое, ки дар расонаҳои Тоҷикистон ба таври густарда инъикос гардид, латукӯби рӯзноманигори ҷавон Доро Суҳробӣ буд.

Санаи 19-уми сентябр торнамои Faraj.tj матлабе таҳти унвони «Латукӯби хабарнигори «Фараж» аз ҷониби милиса дар Гипрозем»  пахш карда, хабар дод, ки «Доро Суҳробӣ, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мавриди латукӯби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи Гипрозем қарор гирифтааст».

Тавре номбурда дар суҳбат бо Faraj.tj иброз намудааст, ӯ бо супориши редаксия рӯзи 18-уми сентябр мехостааст аз рафти корҳои роҳсозӣ ва ҳолати савдои кӯчагӣ дар ин маҳалла барои шумораи навбатии ҳафтаномаи «Фараж» «фоторепортаж» омода намояд.

- Тақрибан соати 16-16:20 дар назди бозори Гипрозем мехостам аз рафти корҳои роҳсозӣ дар самти шаҳраки Гипрозем ва ҳолати савдои кӯчагӣ дар ин маҳал гузориш омода намоям. Дар ҳамин ҳол шоҳиди кашмокаши як нафар зани «газводафурӯш»-и тахминан 55-сола бо марде бо либоси мулкӣ шудам. Ин дар ҳоле буд, ки дар гирди онҳо мардуми зиёде ҷамъ омада буданд. Ин зан бо овози баланд мегуфт, ки «дирӯз ман 100 сомонӣ дода будам, ҳар рӯз пул аз куҷо аст, ки ба шумо диҳам? Шумо модар надоред, о, ҳама дар қади кӯча савдо доранд-ку?! Чаро дигарҳоро намебинӣ, фақат ба ман часпидӣ»,- гуфта дод мезад он зан. Ман хостам аз ҳолати кор воқиф шавам. Ба наздашон рафта гуфтам, ки бародар, чаро тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунед? Ин зан чӣ гуноҳ дорад? Суратгирак дар гарданам овезон буд. Он мард ба тарафи ман гашта гуфт, ки «ту қонундон боз аз куҷо пайдо шудӣ, суратамонро мегирӣ?». Суратгиракро аз дастам гирифт, «флешкаашро» аз дохилаш берун карда, шикаст ва ба як нафар либоси низомипӯш, ки ҳамроҳаш буд, фармон дод, «гир, ӯро ба «отдел» бар, «разбират» мекунем». Гӯё ҷинояткорро дастгир карда бошанд, дастонамро ба пуштам тоб дода, сарамро хам карда, кашон-кашон ба шуъба бурданд. Дар роҳ пойпӯшам ба сими қади роҳ банд шуда, канд ва аз поям берун шуд. Бо як пойпӯш ба шуъба бурдандам. Он зан, ки ман аз ӯ ҳимоя карда будам, то назди шуъба аз қафоям омад. Вале ӯро даромадан намонданд. Мешунидам, ки ӯ мегуфт, «ман аз болои шумо шикоят мекунам, шуморо ин хел намемонам!». Маро ба шуъба дароварданд, он ҷо 6 нафар буд. Ман ҳуҷҷати хизматиамро ба онҳо нишон дода, гуфтам, ки ман журналистам ва бо супориши редаксия омадам. Ин монеъи латукӯби ман нашуд. Он нафар бо либоси мулкӣ маро чанд мушт кӯфт. Ба замин афтида, аз ҳуш рафтам. Ба ҳуш омадам, ки ба рӯям об пошида истодаанд. Касе маро халос намекард. Он нафар бо либоси мулкӣ худашро муаррифӣ накард. Ӯ бо оҳани дар дасташ буда маро мезад ва ман ҳар замон бо дасти ростам худамро ҳимоя мекардам. "Ту боз «будик» будай-ҳа?! Э кисаҳоша кове, дар кисааш «наша» дора! Ҳе, очата…»,- гуфта, таҳқиру дашномҳои қабеҳам мекард. Ҳар замон бо асбобҳои дар болои мизаш буда ба ман таҳдиди задан мекард. Ман бошам, дар пушти яке аз милисаҳо худамро паноҳ мекардам. Хулоса, баъди чанде ӯро ором карданд. Маро, ки аз тарс дигар дар поям мадор намонда буду сарам чарх мезад, аз утоқ берун карданд. Як нафар, ки ба қавли худаш «раҳмдил» буд, маро то сари роҳ овард. Пойпӯшамро дар «сапожник» дӯзонда дод. Баъд аз ин, ба ҷойи сардор (аз забони яке аз кормандони шуъба фаҳмидам, ки ӯ сардори милисаи Сино-1 будааст ) аз ман узр пурсида, барои харидории «флешкаи» нав 50 сомонӣ дод ва хоҳиш кард, ки ба ягон ҷой арзу шикоят накунам,- гуфтааст Доро Суҳробӣ.

Худи ҳамон рӯз, яъне 19-уми сентябр торнамои Faraj.tj хабаре бо номи «Сардори ШВКД-и Сино-1 дар латукӯб даст надорад»  пахш кард.

- Қазияи латукӯби Доро Суҳробӣ, хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» зери назорати қатъии Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар қарор дорад. Баъд аз як соати нашри хабар дар сомонаи Faraj.tj бо супориши вазир аз ҷониби Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ гуруҳи махсус ташкил шуда, ба таҳқиқи ҳодисаи латукӯб оғоз кардаанд. Кормандони ВКД ва Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ба Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ-16 ҳозир шуда, Доро Суҳробиро ба ШВКД-и Сино-1 барои додани баёнот даъват намуданд. Тавре худи Доро Суҳробӣ дар суҳбати телефонӣ бо Faraj.tj  аз ШВКД-и Сино-1 иброз дошт, пас аз додани баёнот ӯро бо Сардори милисаи Сино-1 рӯ ба рӯ намудаанд. Вале сардор на он нафаре будааст, ки ӯро латукӯб намудааст,- омадааст дар хабар.

Рӯзи 20-уми сентябр бошад, хабаргузории «Озодагон» бо пахши хабаре таҳти унвони «НАНСМИТ омодаи ёрии ҳуқуқӣ ба журналисти латукӯбшуда аст»  навишт, ки «Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) мегӯяд, қазияи латукӯби Доро Суҳробӣ, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистиро пайгирӣ дошта, омодаи ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ мебошад».

Торнамои NoTorture.Tj низ санаи 22-юми сентябр хабар дод, ки «Идораи ҳуқуқи инсон ба рӯзноманигори латукӯбшуда кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад» .

- Идори ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар доираи лоиҳаи расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба рӯзноманигорон ба ҳимояи журналисти латукӯбшудаи тоҷик оғоз кард. Ҳуқуқшиноси ташкилот аллакай бо рӯзноманигори ҷабрдида дар тамос шудааст,- навишт торнамои мазкур.

Дар мавриди ин қазия як қатор расонаҳои чопӣ низ матолиби таҳлилӣ ба табъ расониданд. Аз ҷумла, ҳафтаномаи «Фараж» таҳти унвони «Кисаҳоша кове, «наша» дора!» (№39 (512), аз 21-уми сентябри соли 2016) мақолае ба чоп расонида, изҳори умедворӣ кард, ки «вазири корҳои дохилӣ мӯйро аз хамир ҷудо карда, ҳақро ба ҳақдор хоҳад расонд».

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҳам мақолаи худро бо номи «Журналисткӯбӣ…» (№38 (1184), аз 21-уми сентябри соли 2016) чунин хулоса кард: «Парвандаи латукӯби Доро Суҳробӣ ба дасти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи матбуот ва дӯсти журналистика Рамазон Раҳимзода афтидааст. Умед ҳаст, ки ҳақ ба ҳақдор мерасаду гунаҳкорон ҷазои сазовор хоҳанд гирифт».

Ҳафтаномаи «Озодагон» бошад, зери сарлавҳаи «Корманди милиса: Шумо «против» давлат менависед!» (№36 (441), аз 21-уми сентябри соли 2016) мақолае ба табъ расонида, аз ҷумла навишт: «Доро Суҳробӣ, журналисти ҷабрдида дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, баъди навиштани баёнот ӯро бо сардори милисаи Сино-1 рӯ ба рӯ карданд: «Дақиқан ягон нафари онҳоро нашинохтам. Барои он, ки нафарҳои дирӯз либоси мулкӣ доштанд. Оне ки маро зада буд, як нафари бузбала ва фарбеҳ буд. Баъдан хона омадам ва ба номи вазир ариза навиштам. Имрӯз ҳоло даъват накардаанд». Доро Суҳробӣ дар пайи латукӯб аз қисмати даст, рӯй ва сараш лат хӯрдааст».

«Озодагон» дар худи ҳамин шуморааш мақолаи дигаре бо номи «Мезананд… Бо хомӯшӣ!!!» ба табъ расонидааст, ки дар он аз муносибати кормандони милиса нисбати рӯзноманигор шадидан интиқод карда шудааст.

- … Журналистон бояд чӣ кор кунанд? Шиканҷаи нарм… яъне то замони ҳалли мунсифонаи қазия ин ҳодисаро бо зикри номи он милисаи шиканҷагар дар сархати хабарҳо бигзоранд. Бигзор ҳам аз нигоҳи қонун посух гӯяд, ҳам зарари маънавӣ бинаду дар карераи касбиаш асар гузорад. Ин натиҷаи беҳтари қонуният хоҳад буд,- хулоса кардааст нашрия.

Ин ҳам дар ҳолест, ки торнамои NoTorture.Tj санаи 15-уми сентябр бо номи «Тоҷикистон: Омилони шиканҷаро ба ҷавобгарӣ мекашем» хабаре пахш карда, аз ҷумла навишта буд: «Тоҷикистон ба тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева дар заминаи беҳ кардани вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар посух хоҳад дод. Ҷавоби ҷониби Тоҷикистон ба тавсияҳоест, ки баъди муаррифии гузориши панҷсолааш оид ба вазъи ҳуқуқи башар (солҳои 2011-2016) дар СММ рӯзи 6-уми май таҳия шудааст. Дар ин ҷаласа Тоҷикистон аз кишварҳои узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ 203 машварат шунид, ки барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар равона шудааст ва ҳамон замон 117-тои онро пазируфт. Дар робита бо 70 машварати дигараш Тоҷикистон моҳи августи имсол посухҳои худро фиристод... Дар робита бо шиканҷа Тоҷикистон ваъда додааст, ки «тадобири заруриро барои рафъи ҳодисаҳои шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо рӯи даст гирифта, омилони шиканҷаро ба ҷавобгарӣ мекашад»».

Баъдан, 20-уми сентябри соли 2016 торнамои NoTorture.Tj хабари дигаре таҳти унвони «Прокуратураи генералӣ: Нозири милитсия аз вазифа озод карда шуд»  пахш карда, навишт, ки «Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як посух ба сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” аз баррасӣ гардидани муроҷиати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ хабар дод».

Ба навиштаи торнамо, дар вокуниш омадааст, ки “оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуда, муқаррар гардид, ки нозири шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии РВКД дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Каримов Отамурод бинобар сабаби аз ҷониби шаҳрвандон нисбаташ беҳурматӣ зоҳир намудан ба ғазаб омада, бо алфози қабеҳ сухан гуфта, нисбаташон даст бардоштааст. Барои роҳ додан ба қонунвайронкунии мазкур, Каримов О. аз вазифаи ишғолкардааш озод шуда, рухсатшавии ӯ аз мақомоти корҳои дохилӣ масъалагузорӣ карда шуд. Санҷиш дар ин самт идома дошта, дар сурати муайян шудани шахсияти ҷабрдидагон, нисбати Каримов О. чораҳои қонунӣ андешида мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ аз вокуниши саривақтии Прокуратураи генералии ҶТ изҳори хушнудӣ ва барои ҳамкорӣ миннатдорӣ баён намуда, изҳори умедворӣ кардааст, ки қазияи мазкур пайгирӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Эътилоф аз пахши навори таҳқиркунандаи видеоие дар шабакаи Facebook нигаронӣ карда, аз ҷумла изҳор дошта буд: «Видеонавори номбурда аз ҷониби шахси номаълум, ки иштирокчии ин ҳодиса мебошад, сабт гардидааст. Ин амалҳо эҳтимолан дар шаҳри Душанбе иҷро шудаанд, ки яке аз милисаҳо бо телефон ба ҷои ҳодиса ишора мекунад: “Ай чойхонаи Дилкушо ису тов хӯр”.Дар видеонавор ба таври дақиқ мошини хатии «Нива Шевролет», рақами қайди давлатии 7651 В 01 РТ-ро дидан мумкин аст. Капитани милиса ба ноболиғ муроҷиат намуда, аз ӯ талаб мекунад, ки ҷои ҳодисаро тарк намояд. Дар баробари ин, ӯ ноболиғро ду маротиба бо дасташ мезанад, маротибаи якум дар қисми сар, маротибаи дуюм бошад, дида намешавад, аммо садояш сабт гардидааст. Ба мулоҳизаи нафари иштирокдошта оид ба он, ки ӯ ҳуқуқ надорад бо ин ҷавон чунин рафтор кунад, капитани милиса ҷавоб медиҳад, ки “кӯдаки роҳгузара се бор илтимос кардам, гуфтам чорумборда мепарронамаш”. Ин навор рафтори ғайриқонунии корманди милисаро нишон медиҳад, ки дар муносибати бераҳмона, паст задани шаъну шараф нисбати эҳтимол шахси ноболиғ, таҳдиди куштор бо роҳи истифода намудани яроқи оташфишон асос ёфтааст».

Эътилофи макзкур аз Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон хоҳиш карда буд, ки нисбати иттилооти дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» пахшшуда санҷиш гузаронида ва ба амалҳои кормандони милиса баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Яке аз қазияҳои давомдор, ки баҳсу баррасиаш моҳҳо боз тӯл мекашад, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ боз расонаӣ гардид. Санаи 21-уми сентябр хабаргузории «Озодагон» бо пахши матлабе таҳти унвони «Оғози кашмакаши дубораи Шаҳбол Мирзоев бо мақомоти марзбонӣ»  аз ҷумла навишт: «Кашмакаши дубораи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби тоҷик бо Раёсати марзбонии Тоҷикистон 23-юми сентябр дар додгоҳи низомии гарнизони Душанбе аз сар гирифта мешавад. Тавре аз Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, баъди бекор кардани қарори қаблии додгоҳ барои пардохти 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавию моддӣ ба Шаҳбол Мирзоев, ки боиси норозигии ҳар ду ҷониб шуд, оғози мурофиаҳои нави додгоҳӣ бо сабабҳои номаълум ба таъхир гузошта мешуданд».

Бояд ёдовар шуд, ки Шаҳбол Мирзоев, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд соли 2013 довталабона ба хидмати низомӣ рафта, шоми 8-уми марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латукӯби шадид қарор гирифт. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон кард, ки “гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гӯштин гирондани ӯ бо куҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов шикастааст.

Дар ҳамин ҳол, торнамои NoTorture.Tj санаи 27-уми сентябр хабар дод, ки «Тренинг барои адвокатҳо ва аъзои Эътилофи зидди шиканҷа дар Душанбе»  баргузор мешавад.

- Рӯзҳои 27-29-уми сентябр дар шаҳри Душанбе барои адвокатҳо ва аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ тренинг баргузор мегардад. Он ба масъалаи ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона бахшида шудааст. Чорабинӣ аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ Русудан Бериашвили аз ташкилоти «Табибон барои ҳуқуқи инсон» (ҳаммуаллифони Протоколи Истамбулӣ), инчунин коршиносони миллӣ гузаронида мешавад,- навишт торнамои мазкур.

NoTortureTj.Org