Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Наздикони Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони Ҳисор, ки тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами 1-и Душанбе ба таври мармуз даргузашт, навореро дар ихтиёри “Озодагон” гузоштанд. Ин навор ҳангоми шустани ҷасади Икромзода дар манзилашон сабт ёфтааст.
Дар ин навор дида мешавад, ки қисме аз бадани Ҳамза Икромзода сӯхта, дар баъзеи ҷои танаш захмҳо дида мешаванд. Ин навор ҳангоми баррасии даъвои волидони Ҳамза Икромзода барои рӯёндани даҳ миллион доллар аз Вазорати адлия дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ намоиш дода шудааст. Вале барои нахустин бор аст, ки ба расонаҳо роҳ меёбад.
Волидони Ҳамза Икромзода мегӯянд, ба ҳеч ваҷҳ тарадфори он набуданд, ки ин навор пахш шавад. Вале ҳоло маҷбур шудаанд, барои исботи он ки фарзанди онҳо худкушӣ накарда, балки дар пайи фишору шикнаҷа ҷон додааст, ин наворро ба хабарнигорон медиҳанд.
Ҳамза Икромзодаи 27-сола, ки ба ҷурми авбошӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, тирамоҳи соли гузашта дар зиндони рақами яки Душанбе ба таври мармуз даргузашт. Наздиконаш бовар доранд, ки маъмурони зиндон ӯро куштаанд, вале масъулони Вазорати адлия, ки назорати зиндонҳо дар ихтиёрашон аст, мегӯянд, Икромзода худкушӣ кардааст. Ҳатто Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳӣ гуфта буд, “касе Ҳамзаро куштааст, Худо мезанадаш”.