Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (натиҷаи фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017)

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (минбаъд дар матн – Эътилоф) моҳи сентябри соли 2011 ҷиҳати муттаҳид сохтани кўшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Аз он вақт инҷониб Эътилоф ба сохтори мутаносибан фаъолияткунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфт, ки ҳам дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эътироф карда мешавад. Эътилоф барои тамоми аъзо ва шарикон заминаи муҳим ва муҳити бехатар маҳсуб меёбад, ки дар доираи он метавон кўмаку дастгирӣ, маслиҳат ва машварати касбиро гирифт, сатҳи тахассуси худро баланд бардошт, саъю кўшишҳоро ҷиҳати боз ҳам самараноктар таъсир расондан муттаҳид сохт ва назди шахсоне, ки қарорҳо қабул мекунанд, ҷабрдидагон ва донорҳо бо як овоз баромад намуд. Шаффофияти фаъолият ва ахлоқи касбӣ дар фаъолияти Эътилоф принсипҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

NoTorture.Tj