«Баъди таҷриба дар суд қарор додам адвокат шавам»

Далер Қурбонов: «Ҳимояи ҳуқуқ барои ман маънои фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқро дорад, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон аз худсарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона гардидааст. Чи тавр ман ба фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқ машғул шудам? Гап сари ин ки, ҳамчун донишҷўи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, ман дар мақомоти судии кишвар таҷрибаомўзӣ гузаштам. Онҷо аввалин бор дидам, судшавандаҳо дар суд мегуфтанд, ки ҳангоми боздошт ва тафтишоти пешакӣ онҳоро латукўб кардаанд, бо мақсади гирифтани нишондоди худиқрорӣ нисбаташон аз шиканҷа истифода бурдаанд. Аммо ин нишондодҳо аллакай ягон нақш бозида наметавонистанд, зеро дар давраи тафтишоти пешакӣ ҷониби ҳимоя коре намекард. Ва ман худ ба худ қарор додам, ки ҳимоятгари ҳуқуқ мешавам. Ҳамин тавр, баъди хатми донишгоҳ дар соли 2012 адвокат шудам ва гуфтан мехоҳам, ки бо касби худ ифтихор мекунам».