Таҳмина Ҳайдарова, Шабакаи заноне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд - масоили саломатии занҳо-муҳоҷирон ва занҳои муҳоҷирон, Душанбе: «Одамонро аз рўи мавқеъ ва ҳолати иҷтимоӣ ҷудо кардан лозим нест»

- Ба саволи «Чаро ман ба фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқ машѓул шудам?» чунин посух медиҳам: соли 2010 мушкили ВНМО ба оилаи ман таъсир гузошт ва он вақт дар кишвар ташкилотеро надидам, ки ба ҳимояи заноне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, машѓул бошад. Миёни ҷомеа ин фикр, ки танҳо занони сабукрафтор ва истеъмолкунандаи маводҳои мухаддири тазриқӣ метавонанд ба ВНМО гирифтор шаванд ва Аллоҳ онҳоро барои ҳамаи гуноҳҳояшон ҷазо додааст, васеъ паҳн шуда буд. Дар амал, вақте ман дар ин самт кор кардам, занонеро дидам, ки аз ВНМО сироят ёфтаанд. Инҳо занҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, занҳои одамони истеъмолкунандаи маводҳои мухаддири тазриқӣ ва занҳое буданд, ки дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудаанд. Барои он, ки чунин фикр дар ҷомеа таѓйир ёбад, ман дар ин самт кори фаъолонаро оѓоз намудам. Одамоне ҳам, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, шаҳрвандони баробарҳуқуқи ҶТ мебошанд ва аз онҳо низ ба ҷомеаи мо фоидаи зиёд аст. Ҳамин тавр, «Одамонро аз рўи мавқеъ ва ҳолати иҷтимоӣ ҷудо кардан лозим нест!» шиори ман шуд.