Мурофиаи марги Дӯстов: Идиев аз додани нишондод даст кашид

Мурофиаи навбатӣ бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати лейтенанти калони милитсия Маҳмадулло Идиев бо модаи 316 қисми 3 банди “а” КҶ ҶТ рӯзи 8-уми феврал дар Суди вилояти Хатлон зери раисии судяи суди вилоят Фахриддин Додматзода шуруъ шуд.

Айбдоркунандаи давлатӣ айби ба Маҳмадулло Идиев эълоншударо қироат намуда, изҳор дошт, ки М. Идиев дар вазифаи ваколатдори калони гуруҳи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ фаъолият намуда, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ вобаста ба кушодани ҷинояти гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ба қонуншиканӣ роҳ додааст. Чунончи, ҳангоми коркарди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустҷӯӣ ва дастгир намудани шахсони гумонбар бе иштироки шахсони холис ҷабрдида Ҳалимљон Сайдуллоевро кофтуков намуда, аз охирон 7,1 грамм маводи мухаддири навъи ҳашишро гирифта, бе тартиб додани протоколи дахлдор дар ҷайбаш задааст. Баъдан ҳардуро дастгир карда, ба ШКВД-и   ноҳияи Дӯстӣ бурдааст. Рӯзи дигар, яъне 25-уми июли соли 2017 ҳангоми гузаронидани хариди озмоишӣ дар ошхонаи “Авиценна-и ноҳияи Шаҳритус аз шаҳрванд Толибҷон Дӯстов ҳарчанд охирон маблағи 100 сомонии Маҳмадулло Идиев ба ҷабрдида Ҳалимҷон Сайдуллоев барои хариди озмоишӣ додаро дар даст нагирифта будааст, Идиев ӯро мавриди латукӯб қарор дода, ба дастонаш дастбанд зада, ба мошин савор карда ба тарафи ноҳияи Дӯстӣ ҳаракат мекунанд. Дар роҳ вазъи саломатии Толибҷон Дӯстов бад мешавад ва ӯро ба беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён мебаранд, ки охирон онҷо вафот мекунад. Бо ин рафтораш Маҳмадулло Идиев ҷинояти дар моддаи 316 қисми 3 банди “а”-и КҶ ҶТ-ро содир кардааст.

Маҳмадулло Идиев дар мурофиаи судӣ аз додани нишондод даст кашида, иброз дошт, ки нишондоди дар рафти тафтишоти пешакӣ додаи худро тасдиқ мекунад ва дигар хоҳиши додани нишондодро надорад. Ӯ ҳамчунин илова кард, ки худро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳгор намедонад.

Дар ҳамин ҳол, ҷабрдида Ҳалимҷон Сайдуллоев зимни нишондодаш гуфт, ки рӯзи 24-уми июли соли 2017 дар хонааш будааст, ки шиносаш бо номи Сайумрон ба ӯ занг задааст, ки ба маркази ноҳия оянд ва дар хариди кадом мошине кӯмак кунанд. “Мо ҳамроҳи Наҷмиддин Мирзоев ба маркази ноҳия рафтем ва бо Сайумрон ва Ҷӯра вохӯрдем. Сайумрон аз ман хоҳиш кард, ки барояшон маводи мухаддир пайдо кунам. Ба ман 200 сомонӣ доданд. Ман пулро гирифта, ба хонаи Толибҷон Дӯстов рафта, аз охирон 4 грамм маводи мухаддир гирифта омадам ва хостам ба мошин шинам. Дар ҳамин ҳолат Маҳмадулло Идиев бо Икром ном ҳамкасбаш маро дастгир карданд. Вақте маводҳоро аз ман наёфтанд, ӯ бо як дасташ аз гарданам қапида бо дасти дигараш ба сарам панҷ - шаш маротиба зад. Ба латукӯби Идиев тоқат накарда, аз таги мошин 4 бандча маводи мухаддирро гирифта ба ӯ додам. Баъдан моро дастгир карда, дар дастамон дастбанд зада, ба ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ бурданд. Дар роҳ ба онҳо пешниҳод намудем, ки пул гиреду моро озод кунед. Идиев гуфт 10 ҳазор доллари ИМА диҳед. Мо гуфтем, ки ин қадар маблағ надорем. Баъд пешниҳод кард, ки 10 ҳазор сомонӣ дињед, озод мекунам. Сайумрон гуфт, ки ҳамроҳаш 6-7 ҳазор сомонӣ доранд, онро гиранду озодашон кунанд. Идиев розӣ нашуд. Сайумрон пешниҳод кард, ки ба хонаашон равем, аз хона пули гуфтаашонро ёфта медиҳад, вале Идиев боз ҳам розӣ нашуд. Вақте вориди ШВКД шудем, навбатдор гуфт, ки “инҳоро ба қайд мегирем?”. Идиев гуфт: “Онҳо ҳамроҳи мананд, баъдан ба қайд мегиремашон”. Дар ШВКД дар утоқи кории Маҳмадулло шиштем, бо мо суҳбат кард, аммо ягон ҳуҷҷате тартиб надоданд. Шаб моро бурданд, дар як ошхона хӯрок хурдему боз гашта ба утоқи кориашон омадем. Ман дар утоқи кории Идиев мондам, дар дастам завлона зада буданд. Наҷмиддинро ба утоқи кории Шариф бурданд. Рӯзи дигар Маҳмадулло, Шариф, Икром, як муфаттиш, ҷамъ шаш нафар корманди милиса ва ман бо ду мошин ба ноҳияи Шаҳритус баргаштем. Ман ба Толибҷон Дӯстов занг задам ва маслиҳат кардем, ки дар тарабхонаи “Авиценна” вомехӯрем. Дӯстов омад ва мо ба қафои тарабхона гузаштем. Ман бояд бо сад сомонии додаи Маҳмадулло аз Толибҷон Дӯстов маводи мухаддир мехаридам. Дӯстов пулро нагирифта, Маҳмадулло омада ба дасти ман ва Толибҷон дастбанд зад. Ҳамонҷо Маҳмадулло Толибҷонро як шапалоқ ба рӯяш зад. Моро ба мошинҳо маҷбурӣ шинонда, ба тарафи ноҳияи Дӯстӣ равон шуданд. Дӯстовро ба дигар мошин шинонданд, маро ба дигар мошин. Дар роҳ мошинро манъ кард, ба онҳо бо ҳам чизе гуфтанд. Ман танҳо ҳаминашро фаҳмидам, ки саломатии Толибҷон Дӯстов бад шудааст. Баъдан Толибҷонро ба беморхонаи ноҳияи Қубодиён бурданду  мо бо мошини дигар ба ШКВД-и ноҳияи Дӯстӣ рафтем. Бегоҳ Маҳмадулло омаду гуфт, ки Толибҷон мурдааст ва расмашро аз телефонаш ба ман нишон дод. Баъди ин маро пурсидаю ҳуҷҷатгузорӣ карданд ва дар видео наворам гирифтанд. Маҳмадулло ба ман гуфт, ки бигӯ Дӯстовро касе назадааст. Нисбати ман санад карданд ва гуфтанд, ки ҷарима месупорам. Моро ҷавоб доданд”,- илова кард ҷабрдида Сайдуллоев.

Ҷабрдидаи дигар Наҷмиддин Мирзоев зимни нишондодаш қисман гуфтаҳои Сайдуллоевро тасдиқ карда, гуфт, ки “ман танҳо рӯзи 24-уми июл, вақте моро дастгир карданд, ҳамроҳашон будам”. Ва нишондодҳои Сайдуллоевро такрор кард. Ӯ илова кард, ки “вақте моро ба ШКВД оварданд, маро латукӯб накарданд ва дар утоки кории Икром шаб мондам. Бароям курпае доданд, дар пол партофта хоб рафтам. Рӯзи дигараш, 25-уми июли соли 2017 то бегоҳ маро дар ШВКД нигоҳ доштанд ва бо як корманди милиса як анборро тоза кардем. Ман бегоҳ фаҳмидам, ки Толибҷон Дӯстов вафот кардааст ва расмашро дар телефони Идиев дидам. Моро бегоҳ ҷавоб доданд ва мошинеро даъват кардем, то хона бурд”.

Ҷабрдидаи дигар Зарина Сафарова - оилаи марҳум Толибҷон Дӯстов иброз дошт, ки “саҳар вақте шавҳарам аз хона баромада буд, саломатиаш хуб буд. Баъди нисфирӯзӣ дӯсташ омада пурсид, ки Толибҷон наомадааст? Вақте ман гуфтам не, гуфт, ки ӯро милисаҳо дастгир карда бурданд. Мо ба кофтуковаш баромадем. Ба язнаи Толибҷон занг задам, хабар додам, ки Толибҷонро милисаҳо дастгир карда бурдаанд. Бегоҳ яке аз наздиконамон занг зад, ки ҷояшро омода кунед, ки ҷасадашро меорем. Ман мехоҳам, ки судшаванда дар доираи қонун ба ҷазои сахттарин кашида шавад”.

Оилаи Толибҷон, модараш ва дӯстону наздиконаш, ки дар мурофиаи судӣ ҳамчун шоҳид пурсида шуданд, гуфтанд, ки Толибҷон маводи мухаддир истеъмол намекард. Баъзан нӯшокии спиртӣ менӯшид, вале касе боре ҳам ӯро маст надидааст.

Яке аз дӯстони Толибҷон, ки рӯзи 25-уми июл ҳамроҳаш ба ошхона рафтаанду баъдан Толибҷонро дастгир кардаанд, гуфт, ки ҳамон рӯз Толибҷон соатҳои 10:30 наздаш ба ҷои кораш омад ва онҳо бо ҳам нӯшиданд. “Ман 150 грамм нӯшидам, Толибҷон 50 грамм нӯшид. Баъдан касе ба ӯ занг заду мо ҳамроҳ ба тарабхона рафтем. Онҷо низ Толибҷон 50 грамм нӯшид, ман бештар нӯшидам. Толибҷон бо ҷабрдида Ҳалимҷон қафои тарабхона гузаштанд ва ҳудуди 5 дақиқа интизор шудам, наомад. Вақте ба қафои тарабхона рафтам, чор нафар гунгҳо буданд, ки ишора карданд, ки Толибҷонро дастонашро баста бурданд. Ман гашта хона омадам ва ним соат дар хона будам. Тоқат накардам, ба хонаи Толибҷон рафта, ба занаш ҳолатро гуфтам. Бегоҳ зангам заданд, ки Толибҷон вафот кардааст”,- илова кард шоҳид.

Ду нафаре, ки ҷасади Толибҷонро баъди аз беморхона овардан шустаанд, шоҳидӣ доданд, ки дар як тарафи рӯй ва назди гӯши чапи Толибҷон доғҳои сиёҳ буд. Ин нуктаро модару дигар наздикони Толибҷон Дӯстов низ тасдиқ карданд.

Мурофиаи судӣ то рӯзи душанбеи 12-уми феврал, соати 10, танаффус эълон кард. Дар мурофиаи оянда шоҳидони дигар пурсида хоҳанд шуд.

Сайраҳмон Назриев