Қурбонгул Қосимова, ТҶ “Наҷоти кӯдакон”: мо Эътилофро дар Кӯлоб намояндагӣ мекунем

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид сохтааст. Бо муроҷиат ба аъзои Эътилоф, аз онҳо пурсон шудем, ки барои чӣ узви Эътилоф шудаанду кадом вазифаҳоро бар уҳда доранд ва дар замони пандемияи Covid-19 кадом корҳоро барои Эътилоф анҷом доданӣ ҳастанд? Инак, назари намояндаи ТҶ «Наҷоти кӯдакон» Қурбонгул Қосимова дар ин маврид:

- Ташкилоти ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон» ба наздикӣ ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон пайваст ва Эътилофро дар минтақаи кӯлоб намояндагӣ мекунад, то дар якҷоягӣ ба ҳалли мушкилот дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон мусоидат намояд.

Мо сатҳи огоҳии сокинони минтақаи кӯлобро оид ба фаъолияти Эътилоф боло мебарем ва шарикону ҳамкоронро дар ин маврид маълумотнок месозем, барои хомӯш набудани он қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ки хомӯширо авло дониста, дар бораи ҷиноят шикоят намекунанд, мусоидат менамоем.

Дар сурати муроҷиати қурбониёни шиканҷа ё аъзои оилаҳои онҳо, мо кумаки офиятбахшии заруриро мерасонем, барои гузаронидани ташхиси тиббӣ мусоидат мекунем, раванди ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва расонидани кумаки ҳуқуқиро ба қурбониёни шиканҷа дар минтақаи Кӯлоб ба танзим медарорем.

Дар мавриди саҳми мо дар беҳтар гардидани кори Эътилоф бошад, бо дарназардошти имкониятҳоямон, мунтазам сиёсати озодӣ аз шиканҷаро пеш мебарем, машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ ва хизматрасониҳои ҳуқуқӣ пешниҳод менамоем, халои иттилоотии вобаста ба масоили ҳуқуқӣ, шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар минтақаи Кӯлобро бо истифода аз иттилооти дақиқ пур мекунем.

NoTorture.Tj