Article Pages

Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, барои пайдо кардани як афсари милисаи фирорӣ, ки ба шиканҷа муттаҳам мешавад, ӯро дар ҷустӯҷуи байналмилалӣ қарор доданд. Маҳмадулло Идиев, лейтенанти калони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Дӯстӣ, ки ба “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” муттаҳам мешуд, аз тарси зиндонӣ шудан фирор кардааст ва мақомот намедонанд, ки ҳоло ӯ дар куҷост. Додситонии Хатлон ин...

20.07.2018 - 14:46

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баргузор намудани силсилаи тренингҳоро барои адвокатҳои кишвар идома медиҳад. Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» дар доираи фаъолияти Гуруҳи кўмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои кишвар рўзҳои 13-14-уми июли соли 2018 барои адвокатҳои амалкунанда...

18.07.2018 - 17:36

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, имсол 2 корманди милиса ва як корманди мақомоти амният бо гуноҳи шиканҷа ба 12 ва 13 соли зиндон маҳкум шудаанд. Айни замон ба гуфтаи ин ниҳод, муроҷиати сокинон дар бораи бадрафториву шиканҷа аз сӯи кормандони мақомоти интизомӣ афзудаст. Шариф Қурбонзода, намояндаи Додситонии кулл рӯзи 17-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар шаш моҳи соли 2018 аз мардум...

18.07.2018 - 17:27

16-уми июли соли 2018 Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт бо намояндагони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон вохўрӣ намуд. Намояндагони Эътилоф оид ба фаъолиятҳои худ дар самти огоҳнамоӣ ва муборизаи самаранок муқобили шиканҷа дар кишвар сухан гуфтанд. Ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои оянда дар самти ҳимоя ва рушди...

18.07.2018 - 13:55

Кибриё Юлдошева, як сокини 33-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд иддао дорад, ки кормандони милисаи ноҳия ӯро ҳангоми бозпурсӣ бараҳна ва таҳқир карданд. Ин зан ба тақаллубкорӣ гумонбар шудааст. Бинобар иттиҳом Юлдошева бо санади шахси дигар аз бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” қарз гирифтааст. Кибриё Юлдошева рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, нисфирӯзии 3-уми май дар як утоқи Шӯъбаи...

10.07.2018 - 11:44

Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд корманди шуъбаи ҷустуҷўи ҷиноятии РВКД дар вилояти Суғд Латифҷон Юлдошев ва корманди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ашт Муҳаммад Наимовро дар истифодаи шиканҷа гунаҳгор донист. Латифҷон Юлдошев бо моддаҳои 143, эзоҳи 1, қисми 3, банди «б» (шиканҷа), 358, қисми 1 (боздошт ё ҳабси ғайриқонунӣ), 247, қисми 3, банди «а» (қаллобӣ)-и КҶ ҶТ айбдор...

07.07.2018 - 13:17

Додситонии ҳарбии гарнизони ноҳияи Рашт нисбат ба Фирдавс Қурбонов, сардори гурӯҳ дар шӯъбаи сеюми Гвардияи Миллӣ дар шаҳраки Навободи Рашт, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Қурбонов ба “хунукназарӣ”, ки боис ба марги як сарбоз шудааст, муттаҳам аст. Ба қавли мақомоти додситонӣ, Раҷабалӣ Каримов, сокини 21-солаи ноҳияи Ҳисор, ки дар ин қисми низомӣ хидмат мекард, бинобар хунукназарии Фирдавс...

05.07.2018 - 16:20

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шарипов бо қарори суди зинаи аввал розӣ нашуда, рўзи чоршанбе, 4-уми июл ба коллегияи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ пешниҳод карданд. Ёдовар мешавем, Суди ноҳияи Синои пойтахт аризаи ҳимоятгарони ҳуқуқро, ки дар он оид ба бекор кардани қарори Прокуратураи генералӣ дар бораи барои тафтишоти иловагӣ...

05.07.2018 - 10:16

Суди ноҳияи Синои пойтахт аризаи ҳимоятгарони ҳуқуқро, ки дар он оид ба бекор кардани қарори Прокуратураи генералӣ дар бораи барои тафтишоти иловагӣ фиристодани парвандаи ҷиноятӣ аз рўи далели марги Исмонбой Бобоев ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ дархост мешуд, қонеъ накард. ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки оид ба парвандаи Исмонбой Бобоеви дар...

04.07.2018 - 07:45

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикояти як созмони ҳомии ҳуқуқи инсонро нисбат ба Додситонии кулли Тоҷикистон ба фоидаи дувумӣ ҳал кардааст. Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон даъво дорад, ки Додситонии кул марги мармузи Исмонбой Бобоев, сокини шаҳри Исфараро дар Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Раёсати корҳои дохилии Суғд баррасӣ накардааст. Бобоев...

02.07.2018 - 08:35

Страницы