Адвокатҳо ва дигар фаъолон барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳуқуқи инсон қадрдонӣ карда мешаванд

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рўзи 8-уми декабр аз соати 15:00 то 17:00 дар бинои маркази тиҷоратии «Вефа» (даромад аз қисмати паҳлуӣ, рў ба рўи маркази таэквондо) маросими супоридани дипломҳо ба адвокатҳо ва дигар фаъолон барои саҳмгузорӣ дар рушди ҳуқуқи инсон дар самти озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Чорабинӣ дар доираи ҷамъомади тантанавии дигар - супоридани ҷоизаи «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи сол» доир мегардад, ки ҳамасола онро ташкилоти узви Эътилоф - «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» мегузаронад.

NoTorture.Tj