Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
26-уми июн дар тамоми ҷаҳон Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, ки соли 1997 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ бо мақсади бартарафсозии шиканҷа ва таъмини фаъолияти самараноки Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи обруву эътибор ва ҷазо роҳандозӣ гардидааст.
15-уми июн Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» оғоз мекунад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.
Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рўз мо барои шумо дар торнамо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро пешкаш менамоем.
Шумо чӣ кор карда метавонед? Метавонед дар шарҳи як ё якчанд қисса барои қурбони (ён)-и шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо сухани дастгирикунанда нависед. Инчунин, шумо метавонед дастгирии худро тариқи видеоролики кўтоҳ (на зиёда аз 2 дақиқа) нишон диҳед ва зери қисса Хэштеги #notorturetj гузоред ё ба суроғаи электронии Эътилоф notorture.tj@gmail.com фиристонеду ҳамзамон, қиссаро бознашр кунед.
Тамоми суханҳои дастгирикунандаро мо ба қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмонаву аъзои оилаи онҳо мебахшем ва инчунин, дар шакли маводи мултимедӣ дар торнамои Эътилоф ҷой медиҳем.
Қурбониёни шикандаро дастгирӣ менамоем! Беҷазоиро манъ мекунем!
Тобистони соли 2015 Умар Бобоҷонови 23-сола аз шаҳри Санкт-Петербург, ки онҷо кор кардаву ҳамзамон дар бахши ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии яке аз донишгоҳҳои олӣ таҳсил дошт, барои хабаргирии наздиконаш ба шаҳри Ваҳдат омад.
Дар он рӯзи фоҷиабор, 29-уми август, ӯ замоне бо дӯстонаш вохӯрд, ки аз муқобил чанд нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омаданд. Бо сабаби ришаш, онҳо ба ӯ хурдагирӣ кардан гирифтанд, тундгӯӣ намуданд, хостанд ба мошинашон нишинад, то ба шуъбаи милиса бубаранд. Ба ибрози дӯстони ҳамроҳаш, Умар ба онҳо мегуфт, ки барои ин кор ягон ҳуқуқ надоранд ва ӯ ягон амали ғайриқонунӣ содир накардааст. Аз лиҳози ҳуқуқӣ ӯ асоснок гам мезад, охир, ҳуқуқшиносӣ мехонд. Ана ҳамин дар сатҳи касбӣ талаб кардани ҳуқуқҳои худ шояд ба кормандони милитсия писанд наомад. Ҷавонро ба мошин шинонда, ба шуъбаи милитсияи минтақавӣ бурданд, ки ба гуфтаи наздиконаш, дар он ҷо ӯро зиёд латукӯб карданд.
29-уми август Умарро аз шуъбаи милитсия ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи маҳаллӣ бурданд. Аммо ҷароҳатҳо ба ҳадде ҷиддӣ буданд, ки ҷавон ҳатто ба ҳуш наомада, 4-уми сентябр аз дунё гузашт.
1-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ваҳдат бо моддаи 110, қисми 1-и КҶ ҶТ (расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз рӯи беэҳтиётӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд ва тафтишоти пешакӣ оғоз ёфт.
Мувофиқи хулосаи судӣ-тиббӣ, сабаби марги Умар Бобоҷнов осеби пӯшидаи майнаи сар бо хунрезии шадид дар мавзеи пардаи мулоим ва қисми болоии мағзи сар будааст.
Баъдтар, 5-уми сентябр, парванда дар робита ба марг ба қисми 3-и моддаи 110-и КҶ ҶТ (расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг мегардад) иваз карда шуд.
Аз оғози тафтишот 9 моҳ гузаш, вале наздикони ӯ мегӯянд, ки то ҳол касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.