“Чаро худкушӣ кард? Кӣ ӯро ба ин ҳол расонд?” Суолҳои модари Раҷабалӣ аз мақомот

Додситонии ҳарбии гарнизони ноҳияи Рашт нисбат ба Фирдавс Қурбонов, сардори гурӯҳ дар шӯъбаи сеюми Гвардияи Миллӣ дар шаҳраки Навободи Рашт, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Қурбонов ба “хунукназарӣ”, ки боис ба марги як сарбоз шудааст, муттаҳам аст.

Ба қавли мақомоти додситонӣ, Раҷабалӣ Каримов, сокини 21-солаи ноҳияи Ҳисор, ки дар ин қисми низомӣ хидмат мекард, бинобар хунукназарии Фирдавс Қурбонов даст ба худкушӣ задааст. Ин масъули қисми низомӣ бар асоси моддаи 392-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “муносибати хунукназарона ба хизмат, ки боиси ҳалокати сарбоз шудааст” айбдор мешавад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар Додситонии низомӣ шарҳ надоданд, ки кадом хунукназарии ин афсар боиси худкушии сарбоз шудааст. Ҷасади Раҷабалӣ Каримов рӯзи 3-юми майи имсол ба дасти наздиконаш супурда шуд. Пайвандонаш гуфтанд, ки дар гулӯяш захми тир дида мешуд. Ба гуфтаи мақомот, ин тирро сарбоз аз автомати “Калашников”, ки ба ӯ барои иҷрои хидмати ҳарбиаш дода буданд, бо қасди худкушӣ паррондааст.

"Гунаҳкор одами дигар аст"

Додситонии ҳарбии гарнизони ноҳияи Рашт гуфтааст, касе Раҷабалӣ Каримовро ба худкушӣ нарасонд, балки ӯ пас аз латту кӯби як сарбоз ва ба берун фиристодани ду аскари дигар худкушӣ кардааст.

Ориф Султонов, вакили дифои хонаводаи Раҷабалӣ Каримов рӯзи 5-уми июл гуфт, ба ҳар ҳол фикр мекунанд, дар ин қазия натанҳо хунукназарӣ, балки расондан ба худкушӣ низ ҷой дорад. "Зеро пеш аз худкушӣ як мақоми ин қисми низомӣ сарбозро сарзаниш кардааст. Феълан нисбат ба он нафаре, ки сарбозро сарзаниш кардааст, ҳеҷ парванда вуҷуд надорад. Мо аз болои ин шикоят кардем, то ҳодиса аз сар тафтиш шавад", - гуфт ӯ.

Садафмоҳ Каримова, модари Раҷабалӣ, низ рӯзи 5-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз тафтиши қазия розӣ нест. Ӯ гуфт, тафтишот алайҳи касе барои “ба худкушӣ расондан” парванда накардааст. Ин модар ҳафтаи гузашта ба ноҳияи Рашт сафар карда, бо масъулони қисми низомӣ суҳбат кардааст.

“Ба худкушии писарам бовар надорам. Қурбоновро, ки ҳоло гунаҳкор кардаанд, ба фикри ман гунаҳкор нест. Гунаҳкор одами дигар аст. Агар худкушӣ карда бошад, сабабаш чӣ буд? Кӣ ӯро ба худкушӣ расонд? Ба ин саволҳо ҷавоб наёфтаам”, -гуфт ӯ. Модари сарбоз мегӯяд, ҳафтае пеш аз ҳодиса бо писараш телефонӣ сӯҳбат дошт. Аз шароити хидматаш розӣ буд ва аз касеву чизе шикоят надошт.

Дар қисми низомии марбут ба Гвардияи Миллӣ дар Рашт ба Радиои Озодӣ ин ҳодисаро шарҳ надоданд.

"Дар дастонаш нақши банд дида мешуд"

Муродалӣ Каримов, бародари Раҷабалӣ Каримов, ки ҷасади ӯро ҳангоми шустан аксбардорӣ кардааст, 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар бадани бародараш осебҳое низ дида мешуд. “Дар дастонаш нақши банд дида мешуд. Дар дигар ҷойи баданаш низ осебҳое буд. Мо намедонем, ки он осебҳо аз куҷо пайдо шудааст”, - афзуд ӯ.

Маъмулан дар аксари ҳодисаҳои шабеҳ ба ин, пайвандон аз эҳтимоли латту кӯб шикоят мекунанд. Аммо мақомот ҳамеша дар посух мегӯянд, чунин осебҳо пас аз марг дар бадани ҷасад пайдо мешавад.

Моҳи марти имсол низ дар шаҳри Норак марги як сарбози Горди Миллӣ сабт шуда буд. Пеш аз он ҷасади Ҳасан Каримов, сокини деҳаи Вахши ҷамоати Ваҳдати шаҳри Левакандро, ки шаш моҳ хидмат карда буд, ба пайвандонаш супурданд. Мақомот гуфтанд, ки ду афсар дар робита ба ин ҳодиса боздошт шудаанд, вале ҷузъиёте аз ин ҳодиса надоданд.

Дар се сол марги тақрибан 10 сарбоз ошкор шудааст

“Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, дар 3 соли гузашта ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст. Сабаби аксар ҳодисаҳои худкушии сарбозон норӯшан боқӣ мемонад. Танҳо дар чанд маврид додгоҳҳои Тоҷикистон ҳамхидматон ё афсаронро барои ба худкушӣ расондани сарбозон муҷозот кардаанд.

Аз ҷумла, рӯзи 21-уми апрели имсол додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Сайёдҷон Асоев, як сарбози Вазорати дифои Тоҷикистонро дар марги ҳамхидматаш Эҳсон Элчибеков гунаҳкор донист ва барои 12,5 сол ба зиндон афканд. Ҳамчунин, дар доираи ин парванда ду афсари қисми низомии 06870-и Вазорати дифоъ Иззатулло Аҳмадов ва Саймуҳаммад Саъдуллоев барои "муносибати хунукназарона ба хидмат", яксолӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Бархе аз фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, азбаски ҳодисаҳои хушунат ва бо фоҷеа анҷомидани ин ҳодисаҳо ба обрӯи хидмати сарбозӣ латма мезанад, дар ҳолатҳои зиёд асрори марги сарбозон пӯшида мемонад. Волидон ҳам бо ҳамин сабаб ба шарҳи расмии марги фарзанд бовар намекунанд. 
Ozodi