Ҷазои сахт муфаттишону милисаҳои тоҷикро "меҳрубон" мекунад?

Ба дунболи интиқоди зиёд аз рафтори маъмурони амниятӣ ва милиса дар Тоҷикистон, вакилони мардумӣ ҷазо барои бадрафторӣ ва шиканҷа ба муттаҳамон ба ҷиноятро сахттар карданд.

Бо тасвиби тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноӣ дар Маҷлиси намояндагон дар рӯзи 16-уми октябр, акнун онҳое, ки даст ба шиканҷа мезананд, аз 2 то 15 сол ба зиндон маҳкум мешаванд. Кодекси ҷиноӣ то кунун барои ин гуноҳ аз 20 то 50 ҳазор сомонӣ (аз 2 то 5 ҳазор доллар) ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндон ҷазо муқаррар карда буд.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлия дар ҷаласаи порлумон гуфт, "ҳар нафар, хоҳ намояндаи мақомоти давлатӣ ё ғайри он, даст ба шиканҷа мезанад, ҷазои сангин дар интизораш хоҳад буд."

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон мегӯяд, сахттар кардани ҷазо барои шиканҷа мумкин аст, ба кам шудани чунин ҷиноятҳо мусоидат кунад. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ, фарде, ки ба шиканҷа даст заданӣ шавад, фикр мекунад, ки бо ошкор шудани рафтори ғайриқонуниаш ӯро ҷазои сангин интизор аст: “Ман фикр мекунам, ки ҳар қадаре, ки муҷозот сахт шуд, ҷиноят кам мешавад”.

Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, тағйироти ахир ба Кодекси ҷиноӣ бар асоси тавсияҳои Барномаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ворид карда шудааст.

Бар асоси тағйироти нав, афроди гунаҳкор баъди адои давраи ҷазо то 15 соли дигар ҳаққи фаъолият дар идораҳо ё муассисаҳо маҳрум мешаванд. Ба гуфтаи вазири адлияи Тоҷикистон, сахттар кардани ҷазо барои шиканҷа ҳушдор ба доираҳоест, ки ба зӯроварӣ ва шиканҷа даст мезананд.

Мақомот сахттар кардани ҷазоро қадаме барои аз байн бурдани шиканҷа медонанд, ки ба обрӯи кишвар дар сатҳи байналмилал латма мезанад. Баъзе аз коршиносон гуфтанд, фақат сахттар кардани ҷазо роҳи ҳалли масъала буда наметавонад.

Ҳуқуқдон Ойниҳол Бобоназарова рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Бо сахттар кардани ҷазо то як дараҷае шояд каме ба худ биоянд, вале ин мушкилро ҳал намекунад. Гап сари он аст, ки мо бояд пеш аз ҳама ба масъалаҳое таваҷҷӯҳ кунем, ки сабаби даст ба шиканҷа задан мешаванд”.

Бобоназарова гуфт, яке аз мушкилҳои асосие, ки боис ба шиканҷаи афроди гумонбар мешавад, “паст будани сатҳи касбияти муфаттишон аст”.

“Мушкили дуввум пойбандии муфаттишон ба оқибат ва натиҷаи парвандаи зери назарашон мебошад, ки онҳоро маҷбур месозад, даст ба шиканҷа зананд. Дар бисёре аз кишварҳо муфаттиш ба оқибати кор ягон дахл надорад. Фактҳои хубу бадро ёфт, ба додгоҳ пешниҳод мекунад. Он тараф ба ӯҳдаи додрас аст. Дар кишвари мо агар парванда нагузарад ё гумонбар бегуноҳ эълон шавад, мегӯянд, кори ту хом будааст. Дар чунин ҳолат муфаттиш маҷбур мешавад, аз шиканҷа кор гирад.”

Роҳҳои решакан кардани шиканҷа куҷост?

Ҳуқуқшинос афзуд, барои он ки шиканҷа кам шавад, бояд ба раҳбароне, ки зердастонашон гумонбарон ба ҷиноятро шиканҷа мекунанд, ҷазо дода шавад. Вай ташхиси тиббии одилонаву мустақили қурбониёни шиканҷа ва дастрасии саривақтии онҳоро ба вакилони мудофеъ бисёр муҳим меҳисобад.

Шоира Давлатова, узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз сахттар шудани ҷазо ба гумонбарони шиканҷа ситоиш кард ва гуфт: “Хуб аст, ки дар пайи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Миллали Муттаҳид, чунин тағйирот қабул карда шуд.” Бо вуҷуди ин, ӯ иброз дошт, ки аз ҳоло гуфта наметавонад, ки бо сахттар кардани муҷозот вазъ чӣ гуна мешавад ва инро вақт нишон хоҳад дод.”

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки бадрафторӣ бо боздоштшудаҳову зиндониҳоро назорат мекунад, мегӯяд, дар солҳои 2011-2015 беш аз 200 ҳодисаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро сабт кардаанд. Бар асоси 16 парвандаи ҷиноӣ бо ёрии фаъолони ҳуқуқ 25 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2018 ба номи Додситонии кулли Тоҷикистон 37 шикоят аз шиканҷа ворид шудааст.

Пешбинии муҷозоти сахтар ба омилони шиканҷа дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои муборизаи камсамар бо шиканҷа аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ интиқод мешунид. Аксаран мақомоти Тоҷикистонро ба он муттаҳам мекунанд, ки шикоятҳо аз шиканҷаро нодида мегиранд. Солона даҳҳо нафар аз шиканҷа шудан дар боздоштгоҳу зиндонҳо шикоят мекунанд.

Дар гузориши вазорати умури хориҷии Амрико аз 13 марти имсол гуфта шудааст, бо ин ки Қонуни асосии Тоҷикистон истифодаи шиканҷаро манъ мекунад ва дар Кодекси ҷиноӣ моддаи ҷудогонаи ҷазо барои шиканҷа ворид шудааст, хабарҳои зиёде дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ дар ҷараёни бозпурсиҳо нашр мешаванд.

 

Ozodi