Чорабинӣ оид ба баррасии мавзуҳои марбути шиканҷа

Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон санаи 26-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе чорабинӣ мегузаронанд.

Модератории чорабинии мазкурро, ки таҳти унвони «Ташаббуси глобалӣ оид ба ҳисоботдиҳӣ: муносибати бераҳмона нисбати шахсони таҳти боздошт қарордошта: қонунгузорӣ, таҷриба, роҳҳои ҳал» баргузор мешавад, раиси Иттифоки адвокатҳои Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов бар уҳда хоҳад дошт.

Бояд гуфт, ки дар чорабинии мазкур атрофи мавзуҳои ташаббуси глобалӣ оид ба ҳисоботдиҳӣ, омодасозии парвандаҳо, натиҷаҳои тадқиқотҳо, мушкилоти пешорӯ ҳангоми баррасии шикоятҳои марбут ба шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона, инчунин парвандаҳои вобаста ба шиканҷа Дмитрий Нурумов, Нигина Баҳриева, Дилшод Ҷӯраев, Оксана Преображенская суханронӣ мекунанд.

Хотиррасон мекунем, ки чорабинии мазкур аз соати 9:00-и пагоҳирӯзӣ оғоз шуда, то соати 17:30 идома меёбад.

NoTorture.Tj