Дар Тоҷикистон ҳукм барои шиканҷа пурзӯр карда шуд - гунаҳгоронро аз 8 то 15 соли ҳабс интизор аст

2-юми январи соли 2020 дар Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба моддаи 143, эзоҳи 1 (Шиканҷа)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ қабул карда шуданд, ки ҷазо барои истифодаи шиканҷаро пурзӯр мекунанд. Акнун ҳукм аз рӯи қисми 1-и моддаи мазкур аз 5 то 8 сол, аз рӯи қисми 2 аз 8 то 12 сол ва аз рӯи қисми 3 то 15 соли маҳрум кардан аз озодӣ боло меравад.

Тағйироту иловаҳои мазкур мутобиқ ба тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ва Нақшаи миллии кишвар оид ба мубориза бо шиканҷа қабул шудаанд.

Қаблан шахсони гунаҳгор дар истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона метавонистанд бо пардохти ҷарима аз адои ҷазо озод шаванд ва ё аз 2 то 5 сол аз озодӣ маҳрум гарданд.

Бино ба иттилои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, тӯли солҳои 2011-2015 зиёда аз 200 ҳолати шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи 16 парвандаи ҷиноятӣ 25 нафар ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шудаанд.

NoTorture.Tj