Дар Тоҷикистон лоиҳаи «COVID-19: афзудани одамон дар маҳбасҳо» ба фаъолият оғоз кард

Лоиҳа ба мусоидат барои таъмини ҳуқуқҳои маҳбусон дар давраи пандемия равона гардида, дар доираи фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад амалӣ мешавад.

Лоиҳа, ки барои ним сол ба назар гирифта шудааст, корҳои адвокатиро баҳри коҳиш додани теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон дар шароити пандемияи COVID-19: истифодаи усулҳои озодии шартии фаврӣ ва чораҳои алтернативии муносибат нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои сабук ва миёна содир кардаанд, анҷом медиҳад.

Иштироккунандагони лоиҳа таваҷҷуҳро ба фаъолияти иттилоотӣ равона месозанд, ки барои оғози мубоҳиса дар ҷомеа ва ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ ба мушкилӣ мусоидат менамояд.

Инъикоси мунтазами стандартҳои байналмилалӣ ва меъёрҳо дар ин самт, омодасозии матолиби мултимедӣ, инчунин расонидани кумак барои омода кардани муроҷиатнома/ариза ба мақомоти масъул аз номи шахсони дар муассисаҳои пӯшида қарордошта ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.

МАЪЛУМОТНОМА: Эътилоф соли 2011 таъсис ёфта, зиёда аз 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид месозад. Эътилоф фаъолияти худро дар асоси Қоида ва шартҳои иштирок дар Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Шумо меавонед ба мо бо суроғаи notorture.tj@gmail.com нависед ё тариқи телефонҳои боварии Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ дар тамос шавед: дар вилояти Суғд -  987873333, дар вилояти Хатлон - 987876666, дар шаҳри Душанбе ва НТМ - 987087676. Оид ба масоили нақзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагони ҳарбӣ метавонед тариқи телефонҳои (+992) 933331703, (+992) 922221803 тамос бигиред.