Дар як мизи гирд масъалаи шиканҷа баррасӣ мешавад

Рўзи 27-уми октябр, аз соати 9:00 то 12:00 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд баргузор мегардад.

Мизи гирд аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Маркази таълими судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бахшида ба натиҷаҳои лоиҳаи «Боло бурдани сатҳи маълумотнокии судяҳо ва коркарди машѓулиятҳои назариявию барномаҳои таълимӣ барои кафедраи криминалистика ва ташхиси тиббии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рўи тартиби таҳқиқоти самаранок ва ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ѓайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну эътибор ва ҷазо тибқи талаботи Протоколи Истамбулӣ» баргузор мешавад.

Инчунин, баррасии мушкилот ва дурнамои таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятии марбут ба шиканҷа тибқи талаботи Протоколи Истамбулӣ ҳадафи мизи гирд ба шумор меравад.

Барои иштирок дар мизи гирд ҳамчунин намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, мақомоти тафтишотии прокуратура, СРИҶҶ ВА ҶТ, Вазорати адлияи ҶТ, КДАМ ҶТ, ВКД, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ДМТ ва ғайра даъват шудаанд.

NoTorture.Tj