Ғами ду падар: Ба латукўб даст назанед!

9-уми феврали соли ҷорӣ Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионии падари сарбози фавтида Таваллоев Шукрат - Таваллоев Имомдодро аз болои ҳукми Суди гарнизони шаҳри Душанбе баррасӣ карда, қонеъ кардани онро рад намуд.

6-уми январи соли 2017 Суди ҳарбии гарнизони Душанбе бо ҳукми худ сарбози қатории Гвардияи Миллии ҶТ Мирзобоев М. Х.-ро бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои “Б, Д” (муносибатҳои ғайриоинномавӣ) гунаҳкор дониста, ба муҳлати 6 сол аз озодӣ мањрум кард.

Ба гуфтаи намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ»,  “16-уми октябри соли 2016 маҳкумшуда сарбозони қаторӣ Таваллоев Шукрат, Ш. М. ва С. М.-ро вориди синфхона карда, бо миёнбанди сарбозӣ ба сару поёни манаҳ зарба зада, зарари ҷисмонӣ расонидааст. Дар натиҷаи латукӯб ва таҳқири ӯ сарбози қаторӣ Таваллоев тоқат накарда, бо силоҳи оташфишон ду маротиба ба зери манаҳи худаш тир холӣ кардааст. Дар натиҷа сарбози қаторӣ ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона вафот кардааст.

Таваллоев Шукрат, соли таваллудаш 1996, пас аз хатми мактаб ба Политехникуми шаҳри Душанбе ба шуъбаи рӯзона дохил шуда, дар давоми хониш ба шуъбаи ғоибона гузашта, ният кардааст, ки ба хизмат меравад. Бо њамин ният, моҳи майи соли 2015 бо ихтиёри худ барои адои хизмат фиристонида шудааст”.

Яке аз сабабҳои рух додани ин муноқиша ва латукўб, ба ақидаи намояндаи “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», маҳалгароӣ байни ҷавонон мебошад. 

Акс: Ғами ду падар: аз тарафи рост падари сарбози маҳкумшуда Мирзобоев М., аз тарафи чап падари сарбози вафоткарда Таваллоев Шукрат. (Ба хотири волидайн: ба латукўби бародаркуш даст назанед, сарбозони шуҷоъ!)

 

NoTorture.Tj