Гуруҳи офиятбахшӣ дар 9 моҳи соли 2020: сарфи назар аз пандемия, расонидани кумак идома ёфт

Ҳадафи Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо расонидани ёрии ҳадди ақали имконпазир ба қурбониён барои барқарор кардани қобилиятҳои касбӣ, иҷтимоӣ, равониву ҷисмонӣ ва инчунин пурра мутобиқ гаштану иштирокашон дар ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад.

Дар робита ба зуд паҳншавии вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ва пур шудани муассисаҳои тиббӣ, ба хотири бехатарии шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо Гуруҳи офиятбахшӣ фаъолияти худро бознигарӣ кард. Аз 1-уми апрел ташхис ва кумак дар ҳолатҳои ғайри фаврӣ барои давраи дертар ба таъхир гузошта, кумаки равонӣ тариқи онлайн ё тавассути телефон расонида шуд, ҳамзамон, кори кормандони иҷтимоӣ пурзӯр гардид. Фаъолияти умумии Гуруҳи офиятбахшӣ қатъ нагардида, ҳамаи корҳо то 22-юми июн ба таври фосилавӣ пеш бурда шуданд. Аз моҳи июли соли 2020 гуруҳ гузаштан ба низоми муқаррарии корро оғоз намуд, тамос бо муассисаҳои тиббӣ ба роҳ монда ва кори равоншиносон дар самти қабули шаҳрвандон пурзӯр карда шуд. Ҳамаи нафароне, ки бо сабаби пандемияи COVID-19 натавонистанд сари вақт офиятбахшӣ гузаранд, айни замон дастрас кардани хизматрасониҳоро идома дода истодаанд.

Дар нуҳ моҳи соли 2020 барои офиятбахшӣ 28 нафар (аз рӯйи 19 парванда), аз онҳо 9 мард, 13 зан, 2 писари ноболиғ ва 4 духтари ноболиғ ворид шуданд. Аз шумораи умумии онҳо 16 нафар бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаанд, як духтар (12-сола) қурбонии зӯроварии шаҳвонӣ ба шумор рафта, 11 нафар хешовандони қурбониёни шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмона мебошанд.

Нисбати 14 нафар зӯроварии ҷисмонӣ истифода бурда шудааст: латукӯб бо дастону пойҳои баста, сар додани қувваи барқ тариқи нохунҳо ба дастон, обрезӣ, зарба ба шикам ва сару рӯй, кашола кардан аз мӯй, зарба бо мушт ба рӯй. Нисбати ду нафар аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фишори равонӣ, таҳқир, бадгӯӣ истифода бурда шудааст.

22 нафар табобати амбулаторӣ, 6 нафар табобати статсионарӣ гирифта, 28 нафар аз ташхиси тиббӣ гузашта, 4 нафар физиотерапия ва маҳс гирифта, 28 нафар маводи доруворӣ дастрас намуда ва як нафар ба табобати санаторӣ-истироҳатӣ фиристода шудааст.

Ба 17 нафари дучори шиканҷа гардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо кумаки равонӣ расонида шудааст.

Ҳамаи муроҷиаткардагон кумаки иҷтимоӣ ва роҳнамоӣ ба даст овардаанд: дар вилояти Хатлон 12 нафар, дар вилояти Суғд 6 нафар, дар шаҳри Душанбе ва НТМ 10 нафар.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 7 нафар муроҷиаткунанда кумаки такрории тиббӣ расонида шудааст: 2 мард, 4 зан ва як духтари ноболиғ. Ҳамаи онҳо аз ташхис гузашта, табобати амбулаторӣ гирифтаанд. Кумак дар асоси нақшаи консилиум ва тавсияи табиб расонида шудааст.

NoTorture.Tj