Идораи ҳуқуқи инсон ба рӯзноманигори латукӯбшуда кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад

Идори ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар доираи лоиҳаи расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба рӯзноманигорон ба ҳимояи журналисти латукӯбшудаи тоҷик оғоз кард. Ҳуқуқшиноси ташкилот аллакай бо рӯзноманигори ҷабрдида дар тамос шудааст.

Ба гуфтаи хабарнигори нашрияи «Фараж» Доро Суҳробӣ, ӯ ба латукӯб аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди шаҳраки Гипроземи пойтахт дучор гардидааст.

Дар торнамои нашрияи “Фараж” хабар дода шудааст, ки “рӯзи 18-уми сентябр Доро Суҳробӣ ният дошт дар бораи сохтмони роҳ ва камбудиҳои бозори шаҳраки Гипрозем гузориши тасвирӣ омода намояд. Он ҷо ӯ шоҳиди баҳси савдогарзан бо корманди милитсия гардид. Зан ба корманди милитсия мегуфт, ки қаблан барои дар кӯча савдо кардан 100 сомонӣ дода буд ва вазифадор нест, ки маблағи иловагӣ пардохт намояд”.

«Дар гардани ман дастгоҳи аккосӣ овезон буд. Ба онҳо наздиктар рафтам ва хостам донам, ки чӣ гап бошад? Корманди милитсия дағалӣ оғоз кард, дастгоҳи аккосиро кашида гирифт ва флешкорташро шикаст. Баъд ӯ ба нафари дигар фармуд, ки маро ба шуъбаи милитсияи Сино-1 бубарад, то он ҷо бо ман масъаларо ҳал кунанд»,- суханони хабарнигори худро иқтибос овардааст нашрияи «Фараж».

Ба гуфтаи рӯзноманигор, сарфи назар аз он, ки шаҳодатномаи журналистӣ дошт, дар шуъбаи милитсия ба латукӯб дучор гардид. «Маро заданд ва дашном доданд, «будик» гуфтанд. Аз ҳуш рафтам ва вақте об пошидаанд, ба ҳуш омадаму баъд маро ҷавоб доданд,- мегӯяд Доро Суҳробӣ.

Ба гуфтаи ӯ, як корманди ШВКД Сино-1 аз номи роҳбарияташ узр пурсида, барои харидани флешкорти дастгоҳи аккосӣ 50 сомонӣ додаву хоҳиш кардааст, ки ба ҷое шикоят набарад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки аз рӯи ин қазия тафтишот оғоз карда шудааст.

«Мутаассифона, ба мо номи корманди милитсия маълум нест. Мо кӯшиш мекунем шахсияти ӯро маълум намоем. Агар ин ҳодиса воқеӣ бошад, гунаҳгор ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад»,- зикр мекунад котиби матбуотии ин ниҳод Умарҷони Эмомалӣ.

NoTorture.Tj