Иттилоия оид ба оғози лоиҳаи «Ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ»

ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ) бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария амалисозии лоиҳаи «Ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ»-ро оғоз кард.

Мақсади асосии лоиҳа мусоидат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ислоҳот дар доираи Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, такмили маҳорати касбии кормандони маҳбасҳо ва риояи муносибати инсониву шаъну шарафи инсон аст.

Лоиҳа самтҳои зерини фаъолиятро дар бар мегирад:

- расонидани кумак ба СРИҶҶ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи низоми прогрессивии иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки ба таъмини ҳуқуқҳои шахсони аз озодӣ маҳрумшуда нигаронида шудааст;

- мусоидат барои таъсиси низоми омодасозӣ ва боло бурдани сатҳи тахассусии кормандони муассисахои пенитенсиарӣ.

Амалисозии лоиҳа ҳамкориҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, дар умум ба бозтар шудани низоми пенитенсиарии Тоҷикистон барои ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Дар асоси таваҷҷуҳи тарафайн ба рушди ҳамкориҳо, миёни Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бо суроғаи ш. Душанбе, к. Валаматзода 8/1, ҳ. 30 ё тавассути телефони (+992) 37 2275187 ва почтаи электронии hrc.tajikistan@gmail.com муроҷиат намоед.

hrc.tj