Изҳороти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон вобаста ба ҳолати дастгир шудани Хайрулло Мирсаидов – рўзноманигори (журналисти) мустақил ва роҳбари гурўҳи дастаи МЗҲ-и (Маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон (КВН) тоҷик ибрози нигаронӣ менамояд

5 декабри соли 2017 Хайрулло Мирсаидов ба прокуратураи вилояти Суғд барои суҳбат кардан, даъват карда шуд ва худи ҳамон рўз ўро дастгир карданд.

8 декабри соли 2017, дар арафаи «Рўзи байналхалқии ҳуқуқи инсон» аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд аз рўи чор моддаи Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд: аз рўи моддаи 245, қисми 4, банди «б» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), моддаи 189, қисми 2, банди «г» (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), моддаи 340, қисми 1 (сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ), моддаи 346, қисми 2, банди «а» (дидаю дониста расонидани  хабари бардурўғ) КҶ ҶТ.

Худи ҳамон рўз суд нисбати ў чораи пешгириро дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ намуд.

Дар назар дошта мешавад, ки айбдоркунӣ барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ бо баромадҳои ҳаҷвӣ-мазҳакавии дастаи МЗҲ алоқаманд аст. Ёрдамчии калони прокурори вилоят, корманди хадамоти матбуот Гулчеҳра Ғоибназарова дар мусоҳиба бо ВАО хабар дод, ки парванда дар асоси маводҳои дар шабакаи интернетӣ мавҷудбуда, ки худи Мирсаидов навишта буд ва дар асоси аризаи сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода оғоз карда шудааст.[1]

Бояд зикр намуд, ки дар моддаи 189 Кодекси ҷиноятии ҶТ ба таври аниқ пешбинӣ нашудааст, ки кадом амалу ҳаракатҳо метавонанд ҳамчун асоси барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ дониста шаванд.

Тибқи маълумотҳои ВАО-и Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2017 Х. Мирсаидов ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони мансабдор бо дархости дида баромадани далели коррупсия, ки ў дар рафти фаъолияти худ ҳангоми иҷрои роҳбарии кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Суғд дучор гардида буд, мактуби кушода навишт. [2]

Аммо, ба ҷои он, ки ба мақолаи Х. Мирсаидов эътино оварда шаваду санҷиши прокурорӣ анҷом дода шавад ва натиҷаи он тавре, ки дар моддаи 144 Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ пешбинӣ гардидааст «Иттилооти воситаҳои ахбори омма барои оғози парвандаи ҷинояти асос шуда метавонад, ба шарте ки он асоси воқеи дошта, дар рузнома ё маҷалла дарч гардида ё ба воситаи радио ва телевизион пахш шуда бошад» ба аҳли ҷомеа хабар дода шавад, роҳбари МЗҲ Х. Мирсаидов барои интишори мақола дар ВАО бо ҷурми «дидаю дониста расонидани  хабари бардурўғ» айбдор карда шуд.

Озодии баёни ақида дар моддаи 30 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ки дар он гуфта мешавад: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст».

Баромадҳои дорои хислати ҳаҷвӣ ва мазҳакавӣ яке аз шаклҳои ибрози ақида мебошад, ки дар моддаи 19 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (ПБҲШС) пешбинӣ гардидааст, ки онро Тоҷикистон соли 1999 ба тасвиб расонидааст ва бо ҳамин уҳдадор гардидааст, ки муқаррароти онро риоя намояд.

Бояд қайд намуд, ки дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ метавонад танҳо чунин хабаре дониста шавад, ки метавонад бевосита боиси анҷом додани санҷиши пешакӣ гардад ва барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ асос шавад. Ҷиҳати субъективии таркиби ҷиноят айбдорӣ дар шакли қасди бевосита дониста мешавад. Барои он, ки дар бораи моддаи мазкур гап занем далели он зарур аст, ки айбдоршаванда дарк мекунад, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дидаю дониста доир ба содир шудани ҷиноят хабари бардурўғро мерасонад ва хоҳиши расондани чунин хабарро дорад. Ҳангоми расондани хабар шахси айбдоршаванда мехоҳад мақомоти ҳифзи ҳуқуқро гумроҳ созад ва бо ҳамин кирдор бо мақсади ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани шахси бегуноҳ ўро гунаҳгор кунад. Дар ҳолати мазкур, Мирсаидов Х. нияти дидаю дониста расонидани  хабари бардурўғро надошт. Ў ба дурустии суханони худ боварӣ дошт ва мехост бо ҳамин таваҷҷўҳи аҳли ҷомеаро ба проблемаҳои ҷамъиятӣ равона созад.

Ба кишвари Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти байналмилалӣ вобаста ба рафъ намудани амалияи фурўнишонии озодии сухан ва баёни ақида дар кишвар тавсияҳои зиёде дода шуданд. Хусусан, чунин тавсияҳо аз ҷониби давлатҳои аъзои Шўрои СММ оид ба ҳуқуқи башар (инсон) дар доираи Тафсири даврии универсалӣ (ба журналистон ва дигар шахсон ҷиҳати озодона татбиқ намудани ҳуқуқ ба озодии баёни ақида имконият фароҳам оварда шавад. Бо мақсади ҳифз ва ҳавасмандгардонии озодии баёни ақида ва ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои озодии сухан мутобиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд, бар зидди тамоюли фурўнишонии озодии сухан, аз он ҷумла муқаррар намудани маҳдудиятҳо дар фаъолияти мақомоти воситаҳои ахбори омма мубориза бурда шавад, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои марбут ба фароҳам овардани муҳит, ки ба озодии ибрози ақида мусоидат мекунад тадбирҳои мушаххас андешида шаванд ва ғайра), тавсияҳои Гузоришгари махсуси СММ доир ба масъалаҳои ҳуқуқ ба озодии ақида ва озодона баён кардани онҳо (ба монанди, озод кардани тамоми фаъолони сиёсӣ, адвокатҳо ё журналистоне, ки дар асосҳои худсарона боздошт шудаанд…), тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи башар (таҷдиди назар намудани қонунгузории миллӣ дар бораи тўҳмат ва таҳқир ва андешидани тамоми тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати кафолат додани он, ки ҳама гуна маҳдудиятҳои озодии ибрози ақида пурра ба талаботҳои қатъии банди 3 моддаи 19 Паймон ва мулоҳизоти умумии №34 (2011 сол) оид ба озодии ақида ва ибрози онҳо мутобиқат мекунанд…) ва дигар тавсияҳои мақомоти байналмилалӣ дода шуданд.

Бинобар ин, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон даъват ба амал меорад, ки:

- тафтишоти пурра, беғаразу одилона ва дурусти парвандаи Х. Мирсаидов анҷом дода шавад;

- кафолат дода шавад, ки Мирсаидов барои тибқи қонун татбиқ намудани озодии баёни ақида, ки дар қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ, хусусан дар моддаи 19 ПБҲШС пешбинӣ гардидааст ҷазо дода нашавад;

- фавран ва ба бечуну чаро озод карда шавад, агар ўро барои дар амал татбиқ намудани ҳуқуқи худ ба озодии ибрози ақида, ки ин ҳуқуқро моддаи 19 ПБҲШС кафолат медиҳад, дастгир шуда бошад;

- дастрасии саривақтӣ ва бемонеаи адвокат ба Х. Мирсаидов таъмин карда шавад;

- санҷиши воқеъбинонаи дархости Х. Мирсаидов, ки дар ВАО 8 ноябри соли 2017 нашр шуда аст, анҷом дода шавад;

- шафофият, ошкор ва дастраси омма будани натиҷаҳои баррасии парвандаи Х. Мирсаидов кафолат дода шавад;

- меъёрҳои миллӣ ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, риоя карда шаванд ва амалияи таъқиби журналистон ва рўзноманигорон, фишор овардан ба онҳо барои танқид ва фаъолияти касбӣ аз байн бурда шавад;

- анҷом додани мурофиаи судии одилона, ки пурра ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқат мекунад, кафолат дода шавад, агар парванда барои баррасӣ ба суд супорида шавад.

 

  1. Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва рияояи қонуният»,
  2. Фонди ҷамъиятии «Нотабене»
  3. Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»
  4. Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ»
  5. Ташкилоти ҷамъиятии «Имкониятҳои баробар»
  6. Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ”
  7. Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон»
  8. Фонди ҷамъиятии "Солимии ҷомеа ва ҳуқуқи инсон"
  9. Ташкилоти ҷамъиятии «Дунеи ҳуқуқ»
  10. Ташкилоти ҷамъиятии «Ташаббуси хукуки»
  11. Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир»
  12. Анҷумани воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон
  13. Институти ҷанг ва сулҳ дар Тоҷкистон
  14. Намояндагии Интернюс дар Таҷикистан
  15. Ҷафарбек Юлдошев, узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
  16. Ранжет Ятимов, узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
  17. Фазлиддин Хоҷаев, узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
  18. Наргиз Ҳамробоева, узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
  19. Аҳлиддин Салимов, узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
  20. Ойниҳол Бобоназарова, узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
  21. Муҳайё Нозимова, рӯзноманигори мустақил
  22. Меҳрангез Турсунзода, рӯзноманигори мустақил
  23. Вера Кулакова-Браннеруд, рӯзноманигори мустақил
  24. Гулнора Амиршоева, рӯзноманигори мустақил
  25. Ҳумайро Муминова, рӯзноманигори мустақил
  26. Барнои Бекматзода, рӯзноманигори мустақил
  27. Маҳин Даврон, рӯзноманигори мустақил
  28. Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил
  29. Зебиниссо Наҷмидинова, рӯзноманигори мустақил
  30. Сайҳуна Нуруллоева, рӯзноманигори мустақил
  31. Салимахон Ваҳобзода, рӯзноманигори мустақил
  32. Шероз Шарипов, рӯзноманигори мустақил
  33. Хуршед Фозилов, рӯзноманигор
  34. Алмаз Сайфутдинов, Роҳбари Раёсати Институти "Ҷамъияти Кушода" Бунёди мадад дар Тоҷикистон 
  35. Илҳом Абдуллоев, директори иҷроияи Раёсати Институти "Ҷамъияти Кушода" Бунёди мадад дар Тоҷикистон 
NoTorture.Tj