Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ: шиканҷа дар артиш ҳаст, аммо парванда бо моддаи “Шиканҷа” оғоз намешавад

Узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» фаъолияташро дар самти ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои даъватшавандагон, хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо амалӣ менамояд.

Дар соли 2019 ДОШ фаъолияташро дар самти офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар қисмҳои низомӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки аз ҷониби Бунёди ихтиёрии СММ оид ба дастгирии қурбониёни шиканҷа дастгирӣ ёфт, идома дод.

Қабулгоҳҳои ҳуқуқии ДОШ дар шаҳри Душанбе ва дар филиали хуҷандии он амал мекунанд. Ҳуқуқшиносони ташкилот оид ба масоили ҳуқуқиву тиббӣ, инчунин дар масъалаи мутобиқат ба хизмати ҳарбӣ машварат медиҳанд. Дар соли 2019-ум 341 нафар хизматрасонии машваратӣ гирифтаанд, ки ба масоили даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҳуқуқ ба тамдиди муҳлат ва рухсатӣ шудан, шикоят аз амалҳои ғайриқонунии аъзои комиссияи даъват дахл доштанд. Дар ДОШ телефонҳои боварии +992 93 333 18 03 ва +992 93 333 17 03 ба таври шабонарӯзӣ фаъоланд.

Расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа, муносибатҳои бераҳмона ва ғайриинсонӣ дар артиш барои ДОШ афзалиятнок аст.

Дар соли 2019 адвокатҳои амалкунанда ва ҳуқуқшиносон ба 9 нафар хизматчиёни ҳарбии муроҷиаткарда ва аъзои оилаҳои онҳо кӯмаки ҳуқуқӣ расонидаанд. Аз рӯи ин муроҷиатҳо адвокатҳову ҳуқуқшиносон дар марҳилаҳои санҷиши шикоятҳо оид ба ҷиноят дар мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, дар рафти тафтишоти пешакӣ, дар судҳои ҳарбӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии марҳилаи аввал, инчунин дар марҳилаҳои кассатсиониву назоратӣ иштирок кардаанд. Ҳолатҳои афзалиятнок дар соли 2019 пешниҳоди дархостҳо дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ ба қурбониёни шиканҷа, муносибати бераҳмона ва ҷазо дар артиш ва баррасии онҳо дар Суди ҳарбии гарнизони Душанбе ба шумор мерафтанд.

Аз рӯи 4 парванда (қазияҳои Отазода А., Сафаров А., Тағоев М. ва Мансуров М.) адвокатҳо манфиати волидонро, ки гӯё писарони онҳо дар рафти хизмат дар артиш, тибқи иттилооти расмӣ, дар натиҷаи худкушӣ (қазияҳои Отазода О. ва Тағоев М.), инчунин дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ҷазо (Мансуров М. ва Сафаров А.) фавтидаанд, ҳимоя карданд. Дар мавриди 6 муроҷиат адвокатҳои амалкунанда дар суди ҳарбӣ бо дархост оид ба ҷуброни зарари маънавӣ аз манфиатҳои волидони хизматчиёни ҳарбии фавтида намояндагӣ намуданд.

Дар парвандаи Мансуров М. Суди ҳарбии гарнизони Душанбе бо уҳдадор кардани як нафар ҷавобгар - Пиров А. барои пардохтани 1000 сомонӣ ба даъвогар бо қарори худ дархост оид ба ҷуброни зарари маънавиро қисман қонеъ намуд.

Дар парвандаи Шералиев П. Суди ҳарбии гарнизони Душанбе бо уҳдадор кардани ҷавобгар Муминов Шамшод барои пардохтани 2200 сомонӣ ба даъвогар ба сифати ҷуброни зарари маънавӣ дархостро қисман қонеъ намуд. Қонеъ намудани дархост оид ба ҷуброни зарари моддӣ, инчунин фоидаи аз даст рафта рад карда шуд.

Дар парвандаи Насриддинов Баҳриддин, Қурбонов Ч., Таваллоев И. қонеъ намудани дархост оид ба ҷуброни зарари маънавӣ рад карда шуд. Дархости Боқиев А. дар марҳилаи баррасӣ дар Суди ҳарбии гарнизони Душанбе қарор дорад.

Таҳлили муроҷиатҳо оид ба парвандаҳои марбут ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар артиш, инчунин фаъолияти ҳуқуқшиносону адвокатҳо силсилаи масоили ба ҳам пайвандро маълум намуд:

- мавҷуд набудани таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ тибқи моддаи 143, эзоҳи 1 (шиканҷа)-и КҶ ҶТ аз рӯи муроҷиатҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар артиш. Ҷиноятҳои мазкур тибқи дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии ҶТ - 391 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ) ва 373 (Вайрон кардани муносибатҳои оинномавӣ) бандубаст карда мешаванд, ки ҷазояшон бо вазнинии амали содиршуда баробарҳаҷм нест. Ҳайати афсарӣ, ки дар ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар артиш иштирок карда ва ё ба он роҳ додаанд, тибқи моддаҳои 391 (Сӯйистифода аз мақом ё мавқеи хизматӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ ё беамалӣ) ва 392 (Муносибати хунукназарона ба хизмат)-и КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешаванд;

- радсозиҳои беасос дар мавриди ҷуброни зарари маънавӣ ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона. Дар ҳолатҳое, ки дархостҳо аз ҷониби судҳо қисман қонеъ карда мешаванд, маблағҳои пардохтшуда кофӣ ва боадолатона нестанд. Таҷрибаи манфӣ инчунин ҳолатҳое ба шумор мераванд, ки пардохти маблағи ҷуброн на аз ҷониби мақомоти давлатӣ, балки аз тарафи нафарони гунаҳгор дар истифодаи муносибати бераҳмона сурат мегирад.

Аз соли 2015 ДОШ барои дастрасии қурбониёни меҳтарсолорӣ дар артиш ва аъзои оилаҳои онҳо ба табобати амбулаторӣ ва статсионарӣ мусоидат менамояд. Ин намуди фаъолият дар соли 2019 аз ҷониби Бунёди ихтиёрии СММ оид ба дастгирии қурбониёни шиканҷа дастгирӣ ёфтааст. Дар соли 2019-ум 32 нафар офиятбахшӣ гузаштаанд, ки 7 нафар сарбоз ва 25 нафар аъзои оилаҳои онҳоянд.

Дар соли 2019 ДОШ дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати мудофиаи ҶТ, инчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ китобчаи кисагиеро таҳия намуданд, ки ҳуқуқу озодиҳои асосии сарбозон, тартиби шикоят ва воситаҳои тамосро, ки ҳангоми дучор шудан бо ҳолатҳои меҳтарсолорӣ ва дигар ҳолатҳои нақзи ҳуқуқ ба куҷо муроҷиат кардан мумкин аст, дар бар мегирад. Китобчаҳои мазкур дар кисаи либосҳои сарбозӣ осон ҷой мешаванд. Китобчаҳо дар қисмҳои низомӣ паҳн карда шудаанд.

ДОШ ҳамчунин Дастурамал оид ба пешгирии худкушӣ дар артишро барои сардорони қисмҳои низомӣ, хусусан барои афсароне, ки ба кори сиёсӣ-тарбиявии ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ машғуланд, омода намуд. Нашри мазкур инчунин барои кормандони комиссариатҳо ва прокуратураҳои ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст.

13 баннери аксҳо барои намоишгоҳ чоп карда шуданд, ки дар бораи сарбозони дар артиш қурбонии муносибати ғайриинсонӣ ва шиканҷа гардида қисса мекунанд. Ин баннерҳо дар қисмҳои низомӣ барои гузаронидани намоишгоҳҳо бо мақсади пешгирии меҳтарсолорӣ ва зӯроварӣ дар артиш истифода бурда мешаванд.

Баннерҳо бо фарогирии ҳуқуқҳои сарбозон (50 дона) таҳия ва дар қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи ҶТ насб карда шуданд. Баннерҳои иттилоотӣ маълумот дар бораи ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ҳуқуқ ба ҳимоя аз шиканҷа ва телефонҳои боварии ПҲ, ДОШ ва дастгоҳи ВҲИ-ро дар бар мегиранд.

NoTorture.Tj