Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар замоне, ки марҳилаи назоратии Суди олии иқтисодии ҶТ шикояти ТҶ «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир»-ро баррасӣ мекунад, адвокатҳо ҳамзамон ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба зуҳури ҳолатҳои парванда - таъини мурофиаи судӣ дар 18-уми май, соати 14:00 муроҷиат карданд.
Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аризаи даъвогарро ба истеҳсолоташ қабул кард. Суд ду маротиба санаи баррасиро таъин намуд, аммо намояндагони ҷавобгар ҳозир нашуданд. Ҷониби ҷавобгар ба суд оид ба сабабҳои ҳозир нашуданаш хабар надод, дар ҳоле, ки дар мавриди вақту макони баррасӣ онҳо пешакӣ хабардор карда шуда буданд.
Адвокатҳо ният доранд, ки дар мурофиаи судии навбатӣ оид ба баррасии парванда бидуни иштироки ҷавобгарон муроҷиат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки 19-уми апрели соли 2021 аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир» дар бораи беэътибор донистани санади санҷиш аз 25-уми январи соли 2021 дар қисми пардохти андоз ба маблағи 394179 сомонӣ ва қарори Ку митаи андози ҶТ таҳти №29, аз 29-уми январи соли 2021 ба Суди иқтисодӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод карда шуда буд.
Мо идомаи қазияро пайгирӣ хоҳем кард.