Парвандаи Манора ба суд рафт. Дар курсии судшаванда хушдоманаш нишастааст

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба анҷом расонидани тафтишоти пешакӣ парвандаи Манора Абдуалимзодаро барои муҳокимаи судӣ ба Суди ноҳияи Файзобод ирсол кард.

Ёдовар мешавем, ки санаи 22-юми июни соли 2021 ҷасади зани 25-сола дар манзили истиқоматии иҷоравиаш воқеъ дар ноҳияи Файзобод, ҷамоати шаҳраки Файзобод бо 26 захми корд дарёфт карда шуд. 10.07.2021 аз тарафи Прокуратураи ноҳияи Файзобод парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109 КҶ ЧТ (“Ба худкушӣ расонидан”) оғоз карда шуд. Ҷомеаи кишвар рафти тафтишотро тавассути баромадҳои волидайни марҳум дар ВАО мушоҳида менамуданд.

Аз оғози парвандаи ҷиноятӣ, яъне аз санаи 10.07.2021 то ирсол кардани парванда ба суд 14 моҳ гузаштааст.

Бояд қайд намуд, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаро таҳти тафтишоти худ қарор дода, хушдомани Манораро бо қисми 2-и моддаи 109-и КҶ ҶТ (“Ба худкушӣ расонидан”) айбдор намуда, баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ бо фикри айбдоркунии тасдиқшуда барои муҳокимаи судӣ ба Суди ноҳияи Файзобод ирсол кардааст.

Падари марҳум Абдуалимзода Манора - Мисоқов Абдулфаттоҳ  ҳамчун намояндаи ҷабрдида аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ эътироф карда шуд. Ӯ тамоман бо ваҷҳҳои тафтишот дар мавриди ба худкушӣ расонидани духтараш розӣ набуда, иброз медорад, ки духтари ӯ шахси зиндадил ва модари хуб барои 3 кӯдаки ноболиғаш буд ва барои худкушӣ кардан ягон асос мавҷуд набуд.

Дар муҳокимаи судӣ ҳуқуқу манфиатҳои Мисоқов Абдулфаттоҳ - падари марҳум Абдуалимзода Манораро Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.