Подкаст дар мавзӯи “Кумаки аввалия ба қурбониёни шиканҷа” дар радиои “Ватан”

ТҶ “Ассотсиатсияи машваратчиёни халқии Тоҷикистон» - ташкилоти узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ бо дастгирии Шарикии байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон рӯзи 6-уми май дар радиои «Ватан» дар мавзӯи «Кумаки аввалия ба қурбониёни шиканҷа» подкаст баргузор мекунад.

Барнома соати 10:10 (такрор соати 16:00) баргузор мегардад.

Мақсади лоиҳа мусоидат ба иштироки фаъолонаи институти машваратчиёни халқӣ дар мурофиаҳои судӣ мебошад.

Қаблан ҳамин гуна барномаи радиоӣ дар радиои «Ватан» рӯзи 15-уми апрел сурат гирифта буд.