Рўзи матбуоти тоҷик муборак!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон намояндагони ВАО-и ватаниро бо иди касбиашон - Рўзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола рўзи 11-уми март ҷашн гирифта мешавад, табрик мегўяд.

Мо ҳамкорӣ бо рўзноманигоронеро, ки дар мавзуҳои ҳуқуқи инсон, мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона менависанд ва бо матолиби худ кўшишҳои огоҳсозӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шараф ё ҷазоро дастгирӣ мекунанду дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон саҳм мегузоранд, қадр мекунем.

Рўзноманигорони азиз, ба шумо саломатӣ, дар фаъолияти эҷодиатон барор ва қалами тез таманно дорем!

NoTorture.Tj