Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Як нафар корманди созмони байналмилалӣ дар Душанбе барои бекор кардани Қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст.
Адвокати ў Дилшод Ҷўраев мегўяд, ки ҳамзамон, нусхаҳои шикоят ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии кишвар низ барои маълумот ирсол гардидаанд. Ба гуфтаи адвокат, шоҳидони ҷониби даъвогар пурсида нашудаанд, далел аз китоби қайди муроҷиаткунандагон дар шуъбаи неврологии беморхонаи марказии ҷумҳуриявӣ дар мавриди ҷароҳати ҷисмонӣ талаб карда гирифта нашудааст, диск бо сабти видеоро ба эътибор нагирифтаанд ва инчунин, ба санади тадқиқоти тиббӣ-судии №7720 аз санаи 3-юми октябри соли 2016 аҳамият ва баҳои ҳуқуқӣ дода нашудааст.
Қаблан адвокати ҷабрдида хабар дода буд, ки Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур далели тасдиқкунандаи латукўби корманди созмони байналмилалӣ дар Душанберо дарёфт накарда, оѓоз кардани парвандаи ҷинонятиро аз рўйи ин ҳолат рад намудааст.
Сухан дар бораи латукўби сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милиса дар доираи амалиёти «Нелегал»-и 2-юми октябр меравад. Оид ба ин ҳолат қаблан Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки ҷабрдида ба он муроҷиат кардааст, хабар дода буд.
Ба гуфтаи Дилшод Ҷўраев, Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур аризаи сокини Душанберо дар хусуси он, ки кормандони милиса ѓайриқонунӣ ба хонааш даромада, ўро латукўб кардаанд, рад намуд. «Прокуратура ариза дар мавриди оѓоз намудани парвандаро ба он хотир рад кард, ки тасдиқи далели мазкурро натавонист дарёфт кунад»,- гуфт адвокат.
Қаблан, сухангўи ВКД Умарҷони Эмомалӣ ба «АП» хабар дода буд, ки ҳанўз ҳам ҷабрдида дар ин маврид ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат накардааст. «Мо намедонем, ки ин милисаҳо кистанд ва оё милиса ҳастанд ё не. Зан ба мо дар мавриди ҳолати мазкур боре ҳам муроҷиат накардааст»,- гуфта буд сухангўи ВКД.
Ёдовар мешавем, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар изҳороти худ навишта буд, ки рўзи 2-юми октябр дар Душанбе кормандони милисаи ноҳияи Шоҳмансур корманди 34-солаи созмони байналмилалиро латукўб кардаанд.
«Ба гуфтаи ў, воқеа ҳангоми рейди тафтиши шиносномаҳои шаҳрвандон, аввали моҳи октябр, дар доираи амалиёти «Нелегал» рух додааст. Зан бо чанд нафар корманди милиса рў ба рў мешавад, вақте ки онҳо аз дари ҳуҷрааш медароянд. Ҳамчун соҳибхона, ў кўшиш мекунад вазъро равшан созад ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод мекунад. Аммо кормандони милиса бо тасдиқи он, ки ҳоло дар меҳмонии ў шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранду шиносномаҳояшон бояд санҷида шавад, ба ҳуҷра ворид шуданро идома медиҳанд»,- хабар дода буд торнамои Эътилоф.
Ҷабрдида кўшиш кардааст амали кормандони милисаро дар телефони мобилиаш сабт намояд, аммо чун ў ва меҳмононашро ба ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур мебаранд, шадидан латукўб мешавад.
Боздоштшудаҳоро дар он ҷо зиёда аз 4 соат нигоҳ медоранд. Ниҳоят, онҳоро бо гирифтани забонхат, ки нисбаташон ягон шикоят надоранд, нисфи шаб раҳо мекунанд.