Татбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ: ҳуҷҷатгузории самараноки далелҳои шиканҷа

Лоиҳаи татбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» (ҳамоҳангсоз Парвина Наврӯзова) ҳамоҳангсозӣ мешавад.

Ҳамоҳангсози лоиҳа ҳамзамон мушовири Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилоф ба шумор рафта, оид ба масоили расонидани кӯмак мувофиқи шартҳои Протоколи Истамбулӣ (муфассалтар дар бахши Кӯмаки ҳуқуқӣ) кӯмаки коршиносӣ мерасонад.

Айни замон аъзои Гуруҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар якҷоягӣ бо аъзои Эътилоф Нақшаи кориро барои 3 сол дар мавриди масоили ҳуҷҷатгузории самараноки тиббӣ ва офиятбахшӣ тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ таҳия намудаанд, ки дар марҳилаи тасдиқшавӣ қарор дорад.

Дар доираи ин фаъолият таҳлили муқоисавии стандартҳо (меъёрҳо) дар мавриди истеҳсолоти ташхисҳои мустақили судӣ-тиббӣ ва тартиби ворид намудани хулосаҳо ба парвандаҳои ҷиноятӣ гузаронида мешавад. Таҷрибаи дигар кишварҳо ва таҷрибаи қонунистифодабарии системаи ташхисҳои судии ғайридавлатӣ омӯхта мешавад, таҳлили тартиби таъин ва истеҳсолоти ташхисҳо аз рӯи парвандаҳои ҷиноятиву гражданӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаҳои ташхисии ғайридавлатӣ ва баробар кардани мақоми мутахассисон бо коршиносони давлатӣ ва ғайра гузаронида мешавад. Инчунин, таҳлил қонунгузории миллӣ, бо шумули меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ-мурофиавии ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи ташхиси судии давлатӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи тиби хусусӣ», Кодекси тандурустӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро фаро мегирад.

26-уми феврали соли 2019 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ВТ ва ҲИА) дар якҷоягӣ бо ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бахшида ба натиҷаҳои мониторинги муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба истифодаи амалии «Протоколи тиббии шаҳодаткунонии боздоштшудаҳо», ки бо Фармони ВА ва ҲИА ҶТ тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ тасдиқ гардидааст, инчунин натиҷаҳои тадқиқот оид ба «Баҳогузории ҳолати воқеии хадамоти судӣ-тиббӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид.

Дар мизи мудаввар зиёда аз 33 нафар, аз ҷумла сардорҳои раёсатҳои молияи шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, сардорҳои рёсатҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, сардорҳои марказҳои ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон ва вилояти Суғд, намояндагон аз мақомоти прокуратура ва милитсия, Вазорати мудофиаи ҶТ, Раёсати тиббии СРИҶҶ ВА ҶТ, аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ иштирок карданд.

NoTorture.Tj