Тренинги омодасозии мушовирон/мутахассисони миллӣ оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ

Душанбе, 6-уми феврали соли 2020. Рӯзҳои 18-20-уми феврали соли 2020 ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» оид ба омодасозии мутахассисон тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар доираи лоиҳаи «Амалисозии стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ», ки аз ҷониби барномаи аврупоии Фондҳои Ҷамъияти Кушода ва Фонди Зигрид Раузинг дастгирӣ ёфтааст, тренинги серӯза доир менамояд.

Мақсади тренинг пешниҳоди донишҳои амалӣ оид ба ҳуҷҷатгузории тиббиву ҳуқуқии далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои Протоколи Истамбулӣ ба иштирокчиён аст. Тренинг ба омӯзиши амиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ равона карда шуда, тренерҳо ба мутахассисон (табибон, ҳуқуқшиносон, равоншиносон) аз ҷумла тартиби амалии таҳияи хулосаҳо, пешниҳод кардан ба мақомоти судӣ-тафтишотӣ, ҷобаҷогузории суолҳо ба таҳлилгарон аз ҷониби ҳуқуқшиносонро омӯзонида, дар бораи муҳимияти баҳогузории оқибатҳои равониву ҷисмонии шиканҷа ва ғайра изҳори назар мекунанд.

Донишҳои бадастомада аз ҷониби мутахассисони омодагардида дар рафти ҳуҷҷатгузории тиббиву ҳуқуқии ҳолатҳои алоҳидаи муроҷиат вобаста ба истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ба Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ истифода бурда мешаванд.

Макони баргузории тренинг - Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза», оғози чорабинӣ соати 09:00-и пагоҳирӯзӣ.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ муроҷиат намоед: Парвина Наврӯзова, ҳамоҳангсози лоиҳа, ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон», тел: +992 93 555 86 56, e-mail: p.navruzova@gmail.com

NoTorture.Tj