Вақте ки мард мегиряд…

Қиссаҳоеро ба шумо пешкаш менамоем, ки оид ба қисмати фоҷиавии сенздаҳ сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ё “меҳтарсолорӣ” гардида, ки дар китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта” (муаллифон Ҷамшед Маъруфов ва Гузал Маҳкамова, муҳаррири адабӣ - Наргис Ҳамробоева) ҷой гирифтаанд, нақл мекунанд.

Китоб аз ҷониби ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо мусоидати Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа -  26-уми июн омода карда шудааст.

Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст. 

Вақте ки мард мегиряд…

Оё шумо боре мардони гирёнро дидаед? Шумо дидаед, ки чӣ гуна дур аз тамоми дунё пинҳон шуда, мадфани азизон дар дил, онҳо ашки талх мерезанд?

Маҳмад Носирови 57-сола дар шаҳраки на он қадар бузурге дар шимоли Тоҷикистон - Конибодом таваллуд шуда, ба воя расид. Баъд аз хатми мактаб ба хизмати ҳарбӣ рафт ва баъдан дар завод кор кард. Оиладор шуд ва яке паси дигар ду писар ба дунё омаданд. Аммо бо ҳамсараш муносибаташон хуб набуд ва пас аз ҷудошавӣ ба Маҳмуд лозим омад, ки тани танҳо фарзандонро тарбият кунад. Бисёриҳо ба марди ҷавон маслиҳат медоданд: “Оиладор шав! То кай ҳамин хел мегардӣ?”. Вале Маҳмуд худдорӣ мекард, чунин меҳисобид, ки моиндар ҳеҷ гоҳ наметавонад барои писаронаш модари меҳрубон бошад.

Солҳо гузаштанд, фарзандон бузург шуданд. Писари калонии Маҳмуд ба муҳоҷират ба Русия рафт ва ба хона пул мефиристод. Писари хурдӣ - Мақсуд дар хона кор мекард. Ӯ дар мактаб бо баҳои аъло мехонд ва орзуи таҳсил таҳсил дар коллеҷи ҳарбиро дошт, аммо аз норасоии маблағ лозим омад, ки таҳсили ояндаро ба гӯшаи фаромӯшӣ супорад. Синфи даҳумро хатм кардан замон Мақсуд аз рӯйи касби кафшергарӣ ба ОКТ дохил шуд.

Чанд сол гузашт ва Мақсуд низ қарор дод, ки аз пайи бародари калони худ ба Русия равад. Аммо, чӣ гуна падарро танҳо мегузорад? Мақсуд падарро барои оиладор шудан розӣ кард ва танҳо баъди ин ба роҳ баромад. Баъди як сол падар аз таваллуди хоҳарча ба ӯ хабар дод. Акнун дили Мақсуд аз барои падар ором буд. Баъд аз гузашти муддате маблағ ҷамъ овардаву баҳри дидани падар барои муддати кӯтоҳ ба Конибодом баргашт. Ва ба зудӣ нақшаи бозгашт ба Русияро кашид...

Соли 2013. Субҳи апрелӣ. Тамоми оила хоб буданд, вақте ки ба хона  чанд нафари ношинос бо либосҳои мулкӣ зада даромаданд ва дағалона Мақсудро бедор карданд. Касе дарк намекард, ки чӣ ҳодиса рух дода истодааст. Маълум гардид, ки нафарони либоси мулкӣ ба бар кормандони комиссарати ҳарбӣ будаанд. Онҳо ҷавонро бо худ бурданд. Ҳафтае гузашт, ҳафтаи дигар... Наздикон ҳатто намедонистанд, ки Мақсудро ба кадом қисми ҳарбӣ фиристодаанд. Танҳо пас аз як моҳ, баъди муроҷиатҳои зиёд ба комиссариати ҳарбӣ, онҳо хабардор гардиданд, ки ӯ дар пойтахт адои хизмат мекунад.

Мақсуд аз ҳамхизматонаш бо қади баланд ва танумандӣ фарқ мекард ва барои ҳамин сардори қисми ҳарбӣ дарзамон ба ӯ таваҷҷуҳ намуд. Наваскар ба гуруҳи омоданамоии кашшофон ворид карда шуд. Ҳашт моҳи таҳсил ва ӯ имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супорид. Сарбоз шитоб мекард, то ки аввалан ин хушхабарро ба падар расонад. Боз, вақте донист, ки акнун баъди хизмат бидуни супоридани имтиҳон имкони дохил шудан ба коллеҷи ҳарбиро дорад, хурсандиаш ҳадду канор надошт! Танҳо анҷоми хизмати ҳарбиро интизор шудан лозим буд...

 

Дар раванди адои хизмат Мақсуд ба нуқтаи назоратии сарҳадии ноҳияи Спитамен гузаронида шуд. Ин мавзеъ аз Конибодом он қадар дур набуд, барои ҳамин, падар имкон меёфт, ки писарашро бештар хабар гирад. Шароити хизмат сабук ҳам набуд, аммо Мақсуд шикоят карданро дӯст намедошт ва дар ҷавоб ба ҳама пурсишҳои падар мегуфт, ки ҳамааш хуб аст.

24-уми январи соли 2014. Мақсуд ба аёдати падар омад. Падар пай бурд, ки писараш хаёливу хомӯш шудааст ва дар чашмонаш ким-чӣ гуна тарси номаълуме эҳсос мегардид. Каззобона аз падар 300 доллар пурсид. Вале маблағ барои чӣ ба ӯ лозим аст, нагуфт. Дар хона ин қадар маблағ набуд. Маҳмуд писари калониро ҳам нороҳат кардан нахост, аммо ваъда дод, ки маблағро пайдо намуда, ба қисми низомӣ мебарад.

26-уми январ. Маҳмуд писарашро бозпас ба хизмат гусел кард. Он вақт намедонист, ки ӯро дигар ҳеҷ гоҳ намебинад.

28-уми январ занги телефон шуд. Дар дили Маҳмуд ташвиш афтод. Шахси зангзада худро корманди Комиссариати ҳарбии Конибодом муаррифӣ кард. Ӯ хабар дод, ки сарбози қаторӣ Мақсуд Носиров вафот кардааст. Ин суханон муддати зиёд дар гӯши падар садо медоданду ба шунидааш бовар намекард. Охир, танҳо як рӯз пеш писарашро зиндаву саломат ба хизмат гусел карда буд.

Баъди ду соат хешу табор ба хона тобутро бо ҷасади Мақсуд оварданд. Ҳеҷ кас наметавонист бовар кунад. Чаро ин хел?! Марги писар барои Маҳмуд зарбаи калон шуд. Гӯё қалбашро пора-пора карданд. Дард дар қисмати чапи қафаси синааш тоқатнопазир буд... Он рӯз ӯ сактаи қалб ва баъд инсулт шуд.

«Қади писарам 2 метр буд ва 90 кило вазн дошт. Ӯро ҳамин тавр осон латукӯб кардан ё куштан ғайриимкон буд. Ӯ худро муҳофизат карда метавонист. Эҳтимол ӯро баставу то мурдан латукӯб кардаанд. Ба ман то ҳол номаълум аст, ки чаро ва барои чӣ?»,- бо дидаҳои ашкбор мегӯяд падари Мақсуд.

Аз рӯи парвандаи Носиров Мақсуд се сарбоз маҳкум шуданд. Нисбати ҳар кадоме ба муҳлати 14,5 сол ҳукми маҳрумӣ аз озодӣ бароварда шуд. Аммо на мурофиаи судӣ ва на ҳукми суди ҳарбӣ пайвандони сарбози фавтидаро ба одилона будани ҷазои таъиншуда бовар кунонида натавонистанд.

«Ҳамон бегоҳ афсари масъул дар ҷои кори худ набудааст. Ман бовар надорам, ки ин сарбозони ҷавон метавонистанд писарамро ҳамин хел ба осонӣ ҳалок созанд. Фикр мекунам, ки шумораи онҳо зиёдтар буд ва ин монанд ба куштори фармоишӣ аст. Аз мо бисёр чизро пинҳон мекунанд. Мехоҳам ҳамон афсарро пайдо намоям ва ба чашмонаш нигоҳ карда, пурсам: Чаро? Барои чӣ писари маро куштед? Айбаш дар чӣ буд? Чаро писарам аз ман пул пурсид? Ӯ ин пулро ба кӣ додан мехост? Агар ӯ ин пулро бурда медод, шояд зинда мемонд? Ман то охири умр ӯро мекобам ва меёбам!»,- бо чунин суханҳо худро азият медиҳад падари Мақсуд.

Шояд ягон вақт Маҳмуд ба саволҳои худ ҷавоб пайдо карда тавонад. Ҳоло бошад, сарфи назар аз маъюбӣ, аз муроҷиат ба мақомоти гуногун ва ҷустуҷӯи ташкилкунандаи ҳақиқии куштори писараш даст накашидааст.

NoTorture.Tj