Якҷоя барои ҳуқуқи инсон: Тоҷикистон. Омори шиканҷа

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба омори муроҷиатҳо вобаста ба истифодаи имконпазири шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар панҷ соли охир (2015-2019) видеографика омода намуд.

Ҳар сол даҳҳо нафар аз истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят мекунанд. Ва танҳо дар ҳолатҳои алоҳида аз рӯи моддаи 143, эзоҳи 1 (“Шиканҷа”)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз карда мешавад.

Қисме аз қурбониёни шиканҷа умуман аз додани маълумот оид ба ин масъала бо сабаби хавф доштан аз тақдири ояндаи худ худдорӣ мекунанд. Аммо давра ба давра ҳолатҳои шиканҷа маълум мегарданд.

Омори муроҷиат оид ба истифодаи имконпазири шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва офиятбахшии нафарони аз шиканҷа зарардидаву аъзои оилаҳои онҳоро дар панҷ соли охир метавонед дар видеогарафикаи мо тамошо кунед.

NoTorture.Tj