Ёдгоров: бо шиканҷа кушторро ба сарам бор карданд

Моҳи панҷум аст, ки дар Суди Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати се корманди собиқи милисаи шаҳри Турсунзода бо иттиҳоми шиканҷа идома дорад. Парванда аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон таҳқиқ ва ба суд ирсол шудааст.

Мақомоти прокуратура кормандони собиқи милиса Шералӣ Азизов, Саъдӣ Давлатмуродзода (қаблан Меликов) ва Эраҷ Наимовро бо он айбдор намудааст, ки онҳо моҳи ноябри соли 2017 гумонбар Ҳасан Ёдгорови 35-соларо шиканҷа карда, куштори Дмитрий Каримов, як пешхидмати 42-солаи сокини шаҳри Турсунзодаро ба гарданаш бор кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, Ҳасан Ёдгоров зери шиканҷа иттиҳоми кушторро ба зимма гирифта, бо айби ин кормадони собиқи милиса 8 моҳро бегуноҳ дар боздоштгоҳ гузаронидааст.

Ин дар ҳолест, ки ин маъмурони боздоштшудаи собиқи милиса дар суд ҳама гуна иттиҳомотро нисбаташон рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ нисбат ба Ёдгоров аз шиканҷа истифода накардаанд ва номбурда гӯё ҳангоми бозпурсӣ “ба гуноҳаш иқрор шудааст”.

Ҳасан Ёдгоров, ки маъюби гуруҳи дуюм аст, ба озодӣ баромаданашро амри тасодуф медонад. Бо ӯ қабл аз як мурофиа дар Суди Олӣ суҳбат доштем. Ёдгоров гуфт, ки ӯро чор маротиба ба барқ монданд ва пас аз азобу шиканҷаи ҷонгудоз, куштореро, ки содир накарда буд ба гардан гирифту ҳеҷ бовар надошт, ки ба озодӣ мебарояд.

Ҳасан Ёдгоровро кормандони милисаи шаҳри Турсунзода рӯзи 7-уми ноябри соли 2017 ҳамчун гумонбар дар куштор барои пурсиш ба шуъбаи милиса бурданд ва ҳамин тавр, бо қарори судяи Суди шаҳри Турсунзода Раҷабзода С. барои 10 рӯз боздошт карданд. Сабаби боздошташро итоат накардан ба амри кормандони милиса арзёбӣ карданд, вале Ёдгоров ин иттиҳомро рад карда, гуфт, вақте милисаҳо ба хонааш омадаанду гуфтаанд, ки дар ҷиноят ӯро гумонбар медонанд, бе ягон гапи зиёд ва дудилагӣ бо онҳо ба шуъбаи милиса рафтааст, зеро ба бегуноҳии худ бовар дошт. Номбурда гуфт, ки 35 рӯз дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Турсунзода қарор дошт ва 6 моҳи дигарро дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Душанбе пушти сар карда, ахиран 15-уми майи соли 2018 ба озодӣ баромадааст.

- Баъди он, ки ба озодӣ баромадам, рӯзи 19-уми май ба беморхона рафтам. Қаблан вазнам каме бештар аз 65 килограмм буд, вале замоне, ки аз боздоштгоҳ баромадам, 85 килограмм шуда будам. Ҳама узви баданам варам буд. Маро се маротиба дар шуъбаи милисаи шаҳри Турсунзода ва як бори дигар ба Душанбе оварда шиканҷа карданд, аз нӯги ангуштони дастонам ба барқ пайваст карданд. Азизов Шералӣ яке аз шиканҷагаронам буд. Ӯ худашро корманди амният муаррифӣ мекард. Ҳар замон, ки маро ба барқ монда мегирифтанд, маҷбурам мекарданд, ки ҷиноятро ба гардан бигирам. Вақте маро ба қувваи барқ пайваст  карданд, мисли он буд, ки устухонҳои баданамро зинда ба зинда шикастанд. Сарчархзанӣ ва ташнагиам беҳад зиёд мешуд. Қувваи барқро дар баданам тахминан 35-40 сония пайваст мекарданд. Дар аввал ҳарчанд дарди ҷонкоҳ доштам, тоқат кардам, вале кушторро ба гардан нагирифтам. Як шаб то саҳар маро бо дастони баста овезон карданд. Маротибаи чорум дигар ба азобҳо тоқат оварда натавонистаму хостаи онҳоро иҷро кардам, яъне куштореро ба гардан гирифтам, ки онро содир накарда будам. Дар боздоштгоҳ баданам варам карда буд. Устухонҳоям дард мекарданд, хунукӣ кашида будам,- гуфт азобҳои кашидаашро ба ёд оварда, Ҳасан Ёдгоров.

Ёдгоров нақл кард, ки баъди аз боздоштгоҳ озод шудан барои муоинаву табобат ба духтурон муроҷиат кардааст ва бо он ки табобат гирифтааст, то ҳол саломатиашро барқарор карда натавонистааст.

- Дар назди табибони марказҳои саломатии 10 ва 4 табобат гирифтам. Ба назди духтури асаб рафтам, асабҳоямро ҳам табобат кардам, вале то ҳанӯз пурра табобат наёфтаам. Баданам сӯзиш мекунад, рагҳои дастонам мекашанд. Сутунмуҳраам ҳам «грижа» шудааст. Чанд маротиба ба Беморхонаи ибни Сино муроҷиат кардам, вале пурра шифо наёфтам. Аз узвҳои нафаскашӣ шикоят дорам, нафасам мегирад. Ман қаблан аз саломатиам чунин шикоят надоштам. Азоб кашида истодаам,- илова кард Ҳ. Ёдгоров.

Модари Ҳ. Ёдгоров - Шарофат Нарзиқулова бо эҳсосот дар бораи боздошту шиканҷа шудани писараш нақл кард. Номбурда мегӯяд, ки кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода рӯзи 7-уми ноябри соли 2017 писараш Ҳасан Ёдгоровро бегуноҳ ғайриқонунӣ боздошт ва шиканҷа кардаанд, то гуноҳи накардаро ба гардан бигирад ва илова бар ин, ӯро низ маҷбур кардаанд, ки алайҳи писараш баёнот диҳад.

- Шаби аввали боздошт писарамро бо дастони баста овезон карда, то саҳар азоб додаанд. Кормандони милиса маро маҷбур карданд, ки бар зидди писарам баёнот диҳам. Маро аз соати 7-и саҳар то соати 3-и шаб ба шуъбаи милиса бурда, бе обу нон манъ мекарданд. Ба ман зарари моддию маънавии зиёд расониданд, саломатиам низ бад шудааст,- гуфт Ш. Нарзиқулова.

Аммо номбурда мегӯяд, бо сабаби он ки кормандони ШВКД ӯро таҳдиди куштан кардаанд, наметавонад ному насабашонро ошкор созад. Ба гуфтаи Нарзиқулова, ин кормандони милиса пешниҳод кардаанд, ки ба ивази баёноти бардурӯғ бар зидди писараш ба ӯ кӯмак мерасонанд, ҳама камбудиҳояшро ҳал мекунанд.

- Намефаҳмам, онҳо бо кадом ақл фикр мекарданд, ки ман метавонам бар зидди фарзанди худам баёнот диҳам ва ӯро ба куштор айбдор кунам. Охир, кадом модар ба ин кор қодир буда метавонад? Тӯли 8 моҳе, ки писарам дар боздоштгоҳ буд, ман аз рӯи амалҳои ғайриқонунии кормандони шуъбаи милисаи шаҳри Турсунзода ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар мактуб ирсол кардам, дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон, махсусан ба қабули худи Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон даромадам, ба ҳуқуқшиносони ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон муроҷиат кардам. Моҳи апрели соли гузашта овоза шуд, ки барои ошкор нагардидани сирри амалҳои ғайриқонунии кормандони милиса ва тафтишот писари маро куштанианд. Ман ба назди Шералӣ Хайруллоев рафтам, зеро шунида будам, ки дар ҳалли мушкилоташон ба одамони зиёд кӯмак кардааст. Муҳтарам Хайруллоев маро қабул карданд, ҳамаи ҳодисаи ба сари писари маъюбам омадаро ба ӯ нақл кардам ва ҳамон рӯз аз аҳволи мо муҳтарам Президент, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бохабар гардиданду ба мо кӯмак карданд. Тафтишоти холисонаи ҳодисаи куштор оғоз шуд ва дере нагузашта қотили асосиро пайдо карданд,- бо ашки бари рухсор ҳодисаи ба сари хонаводааш омадаро ба ёд меорад модар.

Шарофат Нарзиқулова мегӯяд, ки ҳама умедро аз зиндагӣ ва озодии фарзандаш канда буд: “Кор то дараҷае расид, ки худамро куштан мехостам”.

Модар иддао дорад, ки дар шиканҷа ва муттаҳам кардани писараш ба куштор муфаттиши собиқи Прокуратураи шаҳри Турсунзода Раҷабалӣ Шернаев, ки алҳол дар Прокуратураи ноҳияи Варзоб фаъолият карда истодааст, даст дорад. Ба гуфтаи ин модар, муфаттиш Шернаев бо кормандони милисаи шаҳри Турсунзода Шералӣ Азизов, Саъдӣ Давлатмуродзода ва Эраҷ Наимов забон як карда, бо роҳи сохтакорӣ мехостаанд фарзанди ӯро ба зиндон андозанд ва ҷинояткори асосиро аз ҷавобгарӣ озод кунанд.

- Ӯ набераамро, ки он замон дар синфи якум таҳсил мекард, бе огоҳии падару модар, бе муаллим ва равоншинос бурда, пурсиш гузаронидааст. Вақте ки набераам гурехтан мехоҳад, аз дасташ гирифта, бо зӯрӣ ба мошин савор мекунад. Дар ин бора худи набераам ба мо нақл кард. Ҳозир агар милисаро бинад, метарсад, дод мегӯяд, бо ягон кас дуруст гап намезанад,- илова кард Шарофат Нарзиқулова.

Як манбаъ аз Прокуратураи генералии кишвар, бо шарти ифшо накардани исмаш гуфт, ки дар ин ниҳод нисбат ба муфаттиш Раҷабалӣ Шернаев парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, феълан Шернаев Р. аз вазифааш озод карда шудааст ва пурсишу санҷиши ҳолатҳову то куҷо даст доштани номбурда дар ҷинояти мазкур идома дорад.

Муфаттиши собиқи прокуратураҳои шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Варзоб Раҷабалӣ Шернаев айни замон ба шарти берун нарафтан аз маҳали зист дар манзилаш, дар шаҳри Турсунзода қарор дорад. Номбурда дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки намехоҳад дар ин бора суҳбат кунад. Ҳамин тавр, Раҷабалӣ Шернаев иддаои Ҳасан Ёдгоров ва модари ӯ Шарофат Нарзиқуловаро дар бораи бадрафториаш зимни пурсишҳо рад ё тасдиқ накарда, телефонро хомӯш кард.

Ин дар ҳолест, ки ҳамсари Ҳасан Ёдгоров - Тоҷинисои Иззатулло низ мегӯяд, собиқ муфаттиши Прокуратураи шаҳри Турсунзода Раҷабалӣ Шернаев ӯро таҳқиру азобҳои зиёд додааст. Ба гуфтаи Тоҷинисои Иззатулло, Р. Шернаев гӯё пешниҳод кардааст, ки алайҳи шавҳараш баёнот диҳад. Хостаҳои милисаҳо ва муфаттиш аз Т. Иззатулло он будааст, ки эътироф намояд, шавҳараш рӯзи содир шудани ҷиноят дар хона набудааст ва кушторро маҳз ӯ анҷом додааст.

- Шернаев ба ман гуфт: “Ба ту чӣ фарқ дорад, хона надошта бошӣ, фарзандонатро ба хонаи кӯдакон супор, ба назди ман биё, чизе даркор бошад, ман ёрдамат мекунам. Ман худам медонам чӣ кор кунам”. Лекин, шукри Худо, ман медонистам, ки шавҳарам бегуноҳ аст ва рӯзе ҳақ ба ҳақдор мерасад. Вай чӣ ҳақ дошт, ки ба ман чунин суханҳоро гӯяд? Шернаев моро рӯз намедод. Аз соати 8-и саҳар то соати 1-2-и шаб мо дар шуъбаи милиса ва прокуратура будем. Ӯ ба ман мегуфт, ки “ҳоло ман коре мекунам, худат баёнот диҳӣ, ки шавҳарат ҳамин кушторро содир кардааст”,- гуфт Тоҷинисои Иззатулло.

Ҳамсари Ёдгоров мегӯяд, саҳарии 8-уми ноябр, вақте ки ба шуъбаи милиса барои шавҳараш хӯрок бурдааст, Азизов Шералӣ ва Абдулхайр ном кормандони милиса ӯро ба ошёнаи сеюми милисахона бароварда, баёнот гирифтаанд.

- Абдулхайр, Саъдӣ ва Шералӣ, Давлат, Ҷаҳонгир ба сарам дод заданд, то нисбат ба шавҳарам баёноти бардурӯғ диҳам. Онҳо мехостанд бигӯям, ки шавҳари ман ҳамин корро кардааст. Аммо ман баёнот дода, гуфтам, ки шавҳарам аз хона набаромадааст ва ин ҷиноятро ӯ накардааст. Онҳо гуфтанд, ки “ту як камбағали бехонаву дар, шуморо касе дастгирӣ намекунад”. Баъдан як милисаи дигар бо номи Оймаҳмад аз Душанбе ба Турсунзода рафт. Ӯ маро зад, гулӯямро фишурда, маҷбурам мекард, ки баёноти бардурӯғ диҳам. Пас аз фишорҳои ҷисмониву равонии кормандони милиса чанд маротиба дар ҷои корам аз ҳуш рафта, афтодам,- ба ёд овард ҳамсари Ёдгоров аз лаҳзаҳои вазнини ба сараш омада.

Тоҷинисои Иззатулло гуфт, ки баъдан, дар мурофиаҳои судӣ дар Суди Олӣ ному насаби зӯроваронашро фаҳмидааст, чун онҳо ягон маротиба зимни бозпурсӣ ному насабашонро ошкор накарда будаанд.

Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, рӯзи 18-уми ноябр, вақте шавҳараш дар Прокуратураи шаҳри Турсунзода буд, ба ӯ хӯрок бурдааст. Ҳангоми гирифтани таом Ёдгоров аз ҳамсараш хоҳиш кардааст ба модараш гӯяд, ки ӯро шиканҷа дода истодаанд ва маҷбураш мекунанд, то ҷиноятро ба гардан гирад ва дигар тоқат карда наметавонад.

- Рӯзи 21-уми ноябр, ҳангоме, ки аллакай шавҳарам ҷиноятро ба гардан гирифт, дар ошёнаи сеюми шуъбаи милисаи шаҳри Турсунзода, дар утоқи Абдулхайр, ба ӯ гуфтам, ки барои чӣ ҷинояти накардаро ба зимма гирифтӣ? Фикри модар, фикри ману ду фарзандамонро накардӣ? Шавҳарам гуфт, ки “шумо маро фаҳмед, маро азобу шиканҷа доданд, дар баданам қувваи барқ гузоштанд. Бинобар ҳамин, дигар тоқат карда натавонистам”. Шавҳарам ҳамчунин гуфт, таҳдидаш кардаанд, ки агар ҷиноятро ба гардан нагирад, зану фарзанд ва модарашро кушта мепартоянд,- илова кард Т. Иззатулло.

Кӯшишҳои мо барои суҳбат бо муфаттиш оид ба корҳои махсусан

муҳими назди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидов Шодӣ, ки тафтишоти парванда оид ба шиканҷаи Ҳасан Ёдгоровро ӯ анҷом додааст, натиҷа надод. Номбурда дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки феълан дар Суди Олӣ баррасии парвандаи мазкур идома дорад ва наметавонад то анҷоми мурофиа вобаста ба он изҳори назар кунад.

Аммо дар нусхаи қарори муфаттиш Ҳамидов Ш. аз 23-юми майи соли 2019, ки ба дасти мо расид, бармеояд, дар ҷинояти мазкур пойи нафарони зиёде кашида шудааст. Муфаттиш бо дарназардошти калонҳаҷм будани парвандаи ҷиноятӣ зарурияти ба қисмҳои алоҳида ҷудо кардани маводҳоро тақозо кардааст:

1. Қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолати ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани Ёдгоров Ҳ. ва Тангриқулов А. нисбат ба нозири минтақавии ШҲТҶ ШВКД дар ш. Турсунзода Нарзуллоев Б. А., сардори ШВКД дар ш. Турсунзода Алихон Р., судяи Суди ш. Турсунзода Раҷабзода С. ва дигарон ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо карда шавад;

2. Қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба дигар аъзои гуруҳи кории РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Шуъбаи 2-юм Файзуллоев О., муовини сардори Шуъбаи 5-ум Ализода С. А., сардори Шуъбаи 3-юм Шарифзода С. С. ва ваколатдори калони оперативӣ Зубайдзода Ҷ. З. ҳамчунин, нисбат ба кормандони ШВКД дар ш. Турсунзода, муовини сардори ШКҶ ШВКД дар шаҳри Турсунзода Абдуллоев А. Қ., ваколатдорони фаврии ҳамин шуъба Наҷмиддинзода Д. Н., Беков Н., Валиев Ҷ. Н., собиқ сардори МНМ-и ШВКД дар ш. Турсунзода Насреддинов М. И., ронандаи МНМ Мажидов С. С., роҳбалади МНМ Афғонов Д. А. ва дигар шахсони шахсияташон ба тафтишоти пешакӣ номуайян оид ба ҳолати раво дидани шиканҷа нисбати Ёдгоров Ҳ. М. ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо карда шавад;

3. Нисбат ба собиқ муфаттиши Прокуратураи ш. Турсунзода Шернаев Р. Ю. ва дигарон оид ба ҳолати хунукназарӣ ва нисбати Жураев Ф. О. оид ба ҳодисаи дуздӣ бо моддаи 244 қ. 2 бандҳои «б, в, г»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо карда шавад;

Тафтишот зарур мешуморад, ки қисми маводҳои парвандаи ҷиноятиро нисбати ба Азизов Ш. М., Давлатмуродзода С. Д. ва Наимов Э. Э. ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо карда, бо он фикри айбдорӣ тартиб дода, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намояд.

Судяи Суди Олии кишвар Салимзода Ю., ки баррасии парвандаи ҷиноятии мазкурро вобаста ба шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров ба уҳда дорад, то анҷоми мурофиаҳо ва баровардани ҳукми ниҳоии суд нахост доир ба он изҳори назар кунад.

Гуфта мешавад, барои ба муддати 8 моҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштани Ҳасан Ёдгоров ду нафар корманди Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ” низ даст доранд. Ҳасан Ёдгоров маҳз пас аз хулосаи додаи ташхисгарони ин марказ, ки гӯё дар либосҳои ӯ хуни мақтулро муайян кардаанд, гунаҳгор дониста шуда, ба боздоштгоҳ интиқол дода шудааст. Мақомоти прокуратура нисбат ба онҳо парванда оғоз кардааст, вале бо сабаби пушаймонӣ аз кирдорҳояшон, парвандаи ҷиноятӣ нисбаташон қатъ карда шудааст.

Директори МД “Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ” Маҳмадшариф Шарифов дар суҳбат гуфт, ки прокуратура нисбат ба кормандони марказ Абдуллоева Раҷабгул ва Раҷабова Зулфия бо моддаи 351 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда буд.

Мо хостем то бо худи мутахассисони маркази мазкур Абдуллоева ва Раҷабова, ки ташхисро нисбат ба парвандаи Ёдгоров онҳо анҷом дода будаанд, суҳбат кунем, вале кӯшишҳоямон натиҷа надод. Чун директори марказ дар сафари корӣ қарор доштаасту муовинаш Сангов бе дастури роҳбар наметавонистааст суҳбати моро бо Абдуллоева ва Раҷабова иҷозат диҳад.

Директори маркази мазкур Маҳмадшариф Шарифов дар суҳбати телефонӣ зери фишор хулосаи бардурӯғ додани зердастонашро рад карда, гуфт, ки аз рӯи методи биологӣ имконияти эҳтимолӣ вуҷуд дорад ва наметавон сад дар сад хулосаи дуруст пешниҳод кард.

- Дар методи биологӣ эҳтимолият вуҷуд дорад. Масалан, агар даҳ нафар гуруҳи хунашон якум бошад, ин ба он маъно аст, ки хуни дар либос ёфтшуда, ки ба гуруҳи хуни рақами як шомил аст, эҳтимол дорад аз ҳамин даҳ нафар бошад. Бо талаби прокуратура маҳз дар ҳамин маркази мо ташхиси дуюмбораи хуни дар либос буда тариқи ташхиси ДНК гузаронида шуд ва ташхиси авваларо инкор кард. Кормандони мо камбудиашонро эътироф карданд ва аз ҷониби роҳбарияти озмоишгоҳ огоҳии қатъӣ гирифтанд. Феълан онҳо дар вазифаҳои қаблиашон фаъолият карда истодаанд, чун дар соҳа қариб ки чунин мутахассис дигар надорем,- гуфт М. Шарифов.

Адвокати ҷабрдида Ҳасан Ёдгоров - Асо Шарипов, ки давоми қариб ду сол аз ҳуқуқҳои Ҳ. Ёдгоров ҳимоя мекунад, мегӯяд, ки дар таҷрибаи чандинсолаи кориаш бо чунин ҳолатҳо зиёд вохӯрдааст. Ба гуфтаи адвокат, зерҳимояҳояш бо роҳҳои шиканҷа ва фишори равонии кормандони милиса гуноҳи накардаро ба гардан гирифта буданд ва он дар рафти мурофиаҳои судӣ пурра ошкор шуда, шиканҷагарон ба ҷазои аъмолашон расидаанд.

- Ҳамаи чунин ҳолатҳо аз он далолат медиҳанд, ки сатҳу сифати донишу малакаи касбӣ ва истеъдоди фитрии бархе аз кормандони оперативӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ паст аст. Онҳо барои натиҷаи кор ва гӯё нишон додани малакаи касбии худ дар назди роҳбарият аз роҳҳои ғайриқонунӣ, ба монанди шиканҷа истифода мекунанд. Ҳолати боздошти шаҳрванд Ҳасан Ёдгоров бо гумони содир кардани куштор аз ҷониби кормандони болозикри ноҳияи Турсунзода, ки санаи 7-уми ноябри соли 2017 сурат гирифт ва пас шиканҷаву фишори равонии кормандони милиса ҷинояти нокардаро ба зимма гирифта буд, аз ҷумлаи чунин ҳолатҳост. Аввалан, зерҳимояи ман Ҳасан Ёдгоровро ғайриқонунӣ боздошт ва ба муддати 10 шабонарӯз маҳбас карда буданд. Номбурда гӯё ҳангоми боздошт ба кормандони милиса нофармонӣ ва беҳурматӣ карда бошад. Аз ин рӯ, аз ҷониби муовини аввали сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода Алихонзода Рустам қарори ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани Ёдгоров тартиб дода шуда, ба Суди шаҳри Турсунзода ирсол карда мешавад. Дар заминаи ин қарор судяи Суди шаҳри Турсунзода Раҷабзода С. бе ягон таҳлили маводҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба Ёдгоров Ҳасан ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъйин мекунад. Бояд гуфт, ки ҳабси маъмурӣ як баҳонае барои кормандони милиса буд, ки гумонбарро ҳар вақте хоҳанд, ба утоқи корӣ бурда, зери фишори равонӣ ва шиканҷа қарор диҳанд, то замоне, ки ӯ ба хостаҳояшон розӣ шавад. Ва ҳамин тавр ҳам карданд. Бо гумони содир кардани куштори Дмитрий Каримов кормандони ШВКД ба ҷуз Ҳ. Ёдгоров боз нисбат ба чор нафари дигар ҳам протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба ҳабс гирифта буданд. Мақсадашон аз миёни онҳо интихоб кардани “қурбонӣ” буд. Ҳамин тавр, дар давоми ду-се рӯз хислату рафтор ва иродаи онҳоро омӯхтанд ва аз байни онҳо Ёдгоров Ҳасанро интихоб карданд. Чун Ёдгоров маъюб буд, ба шиканҷа бо усули ба барқ мондан тоб наоварда, ҷиноятро ба гардан гирифт. Ёдгоровро танҳо ба хотири як СМС паёмак, ки аз хонаи истиқоматиаш ба мақтул равон кардааст, гунаҳгор карданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаҳои судӣ камбудиҳои зиёди мақомоти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ошкор карда шуд. Тамоми ҳаракатҳои тафтишотии қаблан гузаронидашуда бе риояи талаботҳои Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ба роҳ монда шуда буданд. Ҳатто вақте, ки Ёдгоров ҷиноятро ба зимма мегирад, кормандони фаврии милиса бе розигии суд ду-се маротиба мехоҳанд ба манзили истиқоматии ӯ рафта, кофтуков кунанд. Номбурдаро ҳатто маҷбур кардаанд, то нисбат ба модари худ нишондоди бардурӯғ диҳад, ки гӯё дастбанди тиллоӣ ва телефони аз ҷои ҳодиса дуздидашударо ба модараш дода бошад. Ҳ. Ёдгоров ҳамин корро ҳам кард ва бар зидди модараш нишондод дод, чун дигар илоҷ надошт. Модари Ҳ. Ёдгоров - Шарофат Нарзиқулова барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои фарзандаш талош мекард ва мехост ҳақиқат ошкор шавад. Бинобар ҳамин, кормандони алҳол собиқи милисаи шаҳри Турсунзода кӯшиш мекарданд бо ҳар роҳ ӯро низ ба парванда ҷалб карда, гунаҳгор созанд, то ҳаракатҳои ғайриқонунии ҳангоми тафтишот кардаашон ошкор нагардад. Ҳамин тавр, чун ҳамсари Ёдгоров Ҳасан - Тоҷинисои Иззатулло ба мақомоти болоӣ нисбат ба ҳолати рухдода ариза менависад, барои бастани забони ӯ, шавҳарашро маҷбур месозанд, ки нисбат ба бародари ҳамсараш Эраҷ нишондоди бардурӯғ диҳад. Бино ба нишондоди зери фишор додаи Ёдгоров, гӯё маҳз Эраҷ ӯро ба куштани Дмитрий Каримов маҷбур кардааст,- гуфт адвокат А. Шарипов.

Ёдовар мешавем, ки 7-уми ноябри соли 2017 сокини шаҳри Турсунзода Ёдгоров Ҳасан Маҳмадраҷабович бо гумони даст доштан дар куштори шаҳрванд Каримов Дмитрий аз ҷониби кормандони ШВКД-и шаҳри Турсунзода боздошт гардид.

8-уми ноябри соли 2017 ҳамсари Ҳасан - Тоҷинисоро ба ШВКД даъват карда, хабар медиҳанд, ки шавҳараш Ёдгоров Ҳасан дар куштори Каримов Дмитрий, ки 1-уми июни соли 2017 рух додааст, гунаҳгор дониста мешавад. Ба гуфтаи ӯ, нисбаташ фишори ҷисмониву равонӣ истифода шудааст, то иқрор шавад, ки ҳангоми куштор шавҳараш дар хона набуд.

Ҳамин тавр, бо гузашти як моҳ аз боздошт, дар телевизион аз ҷониби ВКД ҶТ сюжети омодагардида намоиш дода шуд, ки гуфта мешуд, куштори Каримов Дмитрий ошкор шудааст. Дар навор Ҳасан Ёдгоров шахсан дар бораи он нақл мекард, ки Каримовро чанд маротиба бо корд задааст. Ба тасдиқи муаллифон, Ҳасан Ёдгоров ҳангоми пурсиш ба ҳама чиз самимона иқрор шудааст ва гӯё баъди куштор ашёҳои шахсии кушташударо дуздидааст.

Пас аз муроҷиатҳои зиёди наздикони Ҳасан Ёдгоров ва ҳимоятчиёни ӯ ба мақомоти болоӣ парвандаи ҷиноятӣ барои омӯзиш ба Прокуратураи генералии ҶТ супорида шуд. Ҳасан Ёдгоровро баъди он озод карданд, ки қотили воқеии Дмитрий Каримови 42-сола боздошт шуд ва дар хонаи қотил далелҳои раднашаванда ёфт гардид.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки «19-уми июни соли 2018 шаҳрванд Малченков Леонид Леонидович тибқи маслиҳати пешакӣ бо Жураев Ф. О. ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Каримов Д. Т. воқеъ дар шаҳри Турсунзода, маҳаллаи 2, бинои 143, хуҷраи 43 гардида, аз он ҷо пинҳонӣ маблағи 3000 сомониро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. Сипас, Малченков А. Л. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, 6-уми ноябри соли 2018 тахминан соати 16:00 бо мақсади одамкушӣ ва тасарруф намудани амволи ғайр, такроран вориди манзили истиқоматии дар боло зикргашта гардида, минбаъд бо корди шикории бо худ доштааш 5 маротиба ба узвҳои бадани Каримов Д. А. зада, охиронро ба қатл расонида, молу амволашро, ки 5490 сомониро ташкил додааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати Малченков А. Л. бо моддаҳои 244 қисми 2 бандҳои "б, в, г", 104 қисми 2 бандҳои "и, л" ва 249 қисми 4 банди "в" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, минбаъд бо ҳукми суд номбурда бо ин моддаҳо гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 21 сол, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъйин карда шудааст».

Дар Тоҷикистон масъалаи шиканҷаи муттаҳамон ба ҷиноят барои эътироф масъалаи доғ аст. Эътилофи зидди шиканҷа мегӯяд, соли 2018-ум 44 нафар ба онҳо шикоят кардаанд, ки мақомоти интизомӣ бо онҳо бадрафторӣ кардаанд ва шиканҷаро раво дидаанд. Баъд аз инъикоси пайвастаи ин зуҳурот дар матбуот, мақомоти Тоҷикистон ахиран гуфтанд, ки ҷазо барои шиканҷаро сахттар мекунанд.

Кодекси ҷиноятии кишвар айни замон барои шиканҷа аз ду то панҷ соли зиндон ва ё аз 20 то 50 ҳазор сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад, вале агар пешниҳод барои ворид кардани тағйирот ба моддаи 143, эзоҳи 1-и (“Шиканҷа”) Кодекси ҷиноятӣ қабул гардад, дар назар аст, ки тибқи он гунаҳгор то 12 сол ба зиндон маҳкум карда хоҳад шуд.

NoTorture.Tj