Ташкилоти ҷамъиятии "Ҳимояи ҷомеа тибқи қонун"

1. Ташкилот кай ва дар куҷо ба қайд гирифта шудааст?

Ташкилоти ҷамъиятии "Ҳимояи ҷомеа тибқи қонун" cанаи 16 марти соли 2022 дар Раёсати адлияи вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст.

2. Мақсад? (Миссия?)

Дастгирии адвокатҳо дар баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ, таҳкими малакаи онҳо дар таҳлили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат намудан ба дастрасии қишрҳои осебпазири аҳолӣ ба ёрии ҳуқуқӣ.

3. Самтии фаъолият:

  • Ҳимояи адвокатҳо, аз ҷумла омода намудани як гурӯҳ адвокатҳо омӯзонидашуда барои дифоъ аз адвокатҳо, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ.
  • Мусоидат намудан ба такмили ихтисоси ҳуқуқшиносон тавассути омӯзиши механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, фаъолияти ҳуқуқи инсон ва афзоиши корҳои таҳлилӣ.
  • Гузаронидани мониторинг ва тадқиқоти иҷтимоӣ-таҳлилӣ оид ба масъалаҳои тарғибот ва риояи ҳуқуқи инсон.
  • Мусоидат намудан ба дастрасии шахсоне, ки дар маҳбасҳо адои ҷазо мекунанд, боздоштшудагон ва ҳабсшудагон, ятимон дар мактаб-интернатҳо ва колонияҳои ноболиғон, кӯдакони маъюб, занон, маъюбон, инчунин дигар табақаҳои осебпазири аҳолӣ.
  • Мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми зан дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, фаҳмонидани ҳуқуқи занон, паҳн кардани ғояҳои таҳаммулпазирӣ ва поймолкунии ҳуқуқвайронкунӣ.

4. Маълумот барои тамос:

а) Суроға: ш. Худжанд 16 микрорайон

б) Телефон: +992 (92) 010-60-02

в) E-mail: probono92@gmail.com

г) Сомона: http://probono.tj.tilda.ws/