Статьи

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мегардад, рӯзи 3-юми июн бо мақсади маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳудуди бозори «Меҳргон»-и пойтахт машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон...

03.06.2024 - 22:03

Фаъолияти Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба мусоидат ба таъсиси системаи вокуниши муассир ба шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва механизми мустақили тафтишоти шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо оид ба расонидани ёрии амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо нигаронида шудааст. Дар...

10.05.2024 - 22:06

Санаи 30-юми апрел дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон давоми ду соат - аз соати 10:00 то 12:00 бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа машварати сайёри ҳуқуқӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Ба 10 нафар шаҳрвандон оид ба доираи васеи муносибатҳои...

30.04.2024 - 22:09

Рӯзи 18-уми апрел ташкилоти ҷамъиятии “Ибтидо” дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа машваратҳои ҳуқуқӣ баргузор намуд. ТҶ «Ибтидо» узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон буда, чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Эътилоф дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон...

23.04.2024 - 22:12

Ташкилоти ҷамъиятии «Ибтидо», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, рӯзи 18-уми апрел дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа барои ҷавонон чорабинии иттилоотӣ доир намуд. Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Эътилоф дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба...

22.04.2024 - 22:14

Рӯзи 5-уми апрел бо ташаббуси Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ дар шаҳри Душанбе машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ пешниҳод карда шуданд. Ба шаҳрвандон ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои ташкилотҳои ҷамъиятии узви Эътилоф машварат доданд. Дар доираи ин чорабинӣ зиёда аз 30 нафар шаҳрвандон барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд. Саволҳо бештар ба...

05.04.2024 - 18:16

4-уми апрели соли 2024 давоми ду соат - аз соати 09:00 то 11:00 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар назди бозори серодами «Панҷшанбе» бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбрниёни шиканҷа машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ гузаронида шуданд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар...

04.04.2024 - 18:21

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон  Телефонҳои боварии Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ: 987873333 дар вилояти Суғд 987876666 дар вилояти Хатлон 987087676 дар ш. Душанбе ва НТМ E-mail: notorture.tj@gmail.com  Сомонаи мо: https://notorturetj.org/ Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо обуна шавед, то аз маълумот бохабар бошед! Facebook:...

05.03.2024 - 18:27

Бародари як нафари ҳалокшуда дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона Розиқов Давлатмурод санаи 5-уми январи соли 2024 бо аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани зарари маънавӣ ба маблағи 400000 сомонӣ нисбати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст. Хотиррасон менамоем, ки марҳум Розиқов Абдуқаҳҳор санаи 2-юми январи соли 2023 баъди аз ҷониби кормандони...

13.02.2024 - 18:06

Дар соли 2022 аз ҷониби котиботи Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 19 муроҷиат оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд, ки аз онҳо 4 нафар занон ва як нафар ноболиғ мебошанд. Ғайр аз ин, кор аз рӯйи шаш парвандаи солҳои қаблӣ идома ёфт. Муроҷиаткардагон аз боздоштҳои ғайриқонунӣ ва худсарона...

16.01.2023 - 18:11

Страницы