Статьи

Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ВАО аз Президенти Тоҷикистон даъват карданд, то аз имзои тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КҲМ), ки таҳдиди супоридани ҷарима барои паҳнсозии иттилооти бардурғғ оид ба пандемияро дар пай дорад, худдорӣ намояд. 10-уми июн вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тағйирот даровардан ба КҲМ ҶТ ва Кодекси ҷиноятии...

24.06.2020 - 19:27

Имрўз, 9-уми август, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон оид ба содир шудани ҷиноят ариза пешниҳод кард. Эътилоф аз пахши навори таҳқиркунандаи видеоие дар шабакаи Facebook  нигаронӣ карда, аз ҷумла изҳор доштааст: «Видеонавори номбурда аз ҷониби шахси номаълум, ки иштирокчии ин ҳодиса мебошад...

09.08.2016 - 11:27

Ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон нигаронии амиқи худро дар робита ба афзоиши ҳолатҳои боздошти ҳимоятгароне изҳор медоранд, ки парвандаҳои ҷиноятии дорои аҳамияти ҷамъиятиро пеш мебаранд. Тибқи иттилои расмии 23-юми июл интишоркардаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо...

24.07.2014 - 13:09

Созмонҳои миллӣ ва байнулмилалии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз давлатҳои Осиёи Марказӣ даъват ба амал меоранд, ки шиканҷа ва беҷазоиро хотима бахшанд. 26-уми июни соли 2014, дар Рӯзи байнулмилалии дастгирии ҷабрдидагони шиканҷа, Эътилофи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукуматҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ даъват ба амал меорад, ки ба таври ошкоро ва қотеона шиканҷаро маҳкум карда, чунин мавқеъгирии...

26.06.2014 - 15:59

Мактуби кушода ба Фармондеҳи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо даъвати барҳам додани муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар байни сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд. Муҳтарам Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, 28-уми майи соли 2014 дар Тоҷикистон 20-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ таҷлил гардид. Бист сол пеш...

29.05.2014 - 17:20

Изҳороти Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон оид ба фавти Умедҷон Тоҷиеви 34-сола дар Беморхонаи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон вобаста ба марги Умедҷон Тоҷиеви 34-сола, ки 19-уми январи соли 2014 дар Беморхонаи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд пас аз интиқол аз...

21.01.2014 - 14:54

Ба Намояндаи комилҳуқуқи Президенти ҶТ дар Маҷлиси Олии ҶТ, Мушовири давлатӣ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов Ба Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов Ба Прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Зариф Ализода    ИЗҲОРОТИ...

12.11.2012 - 17:49

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон Шуморо ба муносибати ҷашни 60-солагиатон самимона таҳният гуфта, таваҷҷӯҳи Шуморо ба он ҷалб месозад, ки сарфи назар аз ташаббусҳои мусбати давлат дар самти мубориза бо шиканҷа, тамоюли истифодаи шиканҷа дар низоми тафтишоти ҷиноятҳо ва муассисаҳои иҷрои ҷазо идома дорад. Танҳо дар зарфи 10 моҳи соли 2012 аз ҷониби Эътилоф 18 ҳолати...

05.10.2012 - 17:00

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон вобаста ба фавти Ҳамзаалӣ Икромови 27-сола дар таърихи 20-уми сентябри соли 2012 дар муассисаи ислоҳии ЯС №3/1, ки номбурда дар он барои ҷинояти қаблиаш адои ҷазо мекард, нигаронии худро изҳор медорад. Тибқи маълумоти хешовандони марҳум, дар бадани Ҳамзаалӣ Икромов изҳои гуногуни осеби ҷисмонӣ, аз ҷумла, доғҳои сӯхта...

26.09.2012 - 09:24

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Нусха: Ба Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Менглиев   Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!  Мо, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Шумо оид ба ҳолате, ки бо яке аз ташкилотҳои фаъол Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Ҷавон «Ампаро» (АҲҶ «Ампаро») ба амал омадааст, муроҷиат мекунем. Чӣ тавре ки ба мо...

24.08.2012 - 14:51

Страницы