Article Pages

Ҳукумати Тоҷикистон 24-уми январи соли 2019 Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022-ро қабул кард. Нақшаи миллӣ аз 22 банд иборат аст: тафтиши ҳолатҳои шиканҷа, ҷазо барои истифодаи шиканҷа, пурзӯр намудани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба адвокати мустақил, санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ...

27.05.2020 - 13:50

Аксияву чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн[1]  Аз 26-уми май то 26-уми июни соли 2020 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чорабинии моҳонаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа баргузор менамояд. Давоми як моҳ дар мониторҳои супермаркетҳо, марказҳои савдо, марказҳои тиҷоратӣ ва...

26.05.2020 - 13:32

Муҳтарам адвокатҳо, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандї зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо бо иди касбиатон - Рўзи адвокатҳо аз самими қалб табрик мегўяд! Эҳтиром ба касби шумо аз қаъри таърих оғоз мегирад, вақте кам одамоне буданд, ки қудрати эътимод бахшидан, дарки мантиқӣ ва доварии бодалел доштанд. Дар сафҳои Эътилоф ҳастанд адвокатҳое, ки садоқат ба касбашонро исбот кардаанд ва барои...

22.05.2020 - 11:35

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кормандони радио ва тамоми воситаҳои алоқаро ба муносибати иди касбиашон табрик мегӯяд! Ба шумо аз самими қалб таманнои онро дорем, ки миёни амвоҷи бурдбориҳо бошед, бо хабарҳои хуш зиндагӣ кунед ва ҳаргиз озурда нагардед! Бигузор ҳар як рӯзи ҳаётатон шуморо бо навгониҳои фараҳбахш хушҳол созад! Бароятон саломативу барор мехоҳем...

07.05.2020 - 13:17

Душанбе, 5-уми майи соли 2020. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бунёди лаҳистонии Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон ба амалисозии лоиҳаи наве, ки ба мубориза бо шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда ва ташаббусҳо равона гардидааст, оғоз намуд.

05.05.2020 - 16:55

Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи пандемияи COVID-19 берун аз кишвар мондаанд, нигарон буда, бо ирсоли номае ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳони дастгирии ҳамватанон гардидаанд. «Дар шароите, ки кишварҳо ва сарҳадҳо аз сабаби пандемияи коронавирус баста шудаанд, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои...

05.05.2020 - 14:41

Муҳтарам кормандони ВАО, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии озодии баён табрик мегӯяд! Дар ин марҳилаи мушкили пандемия мо мехоҳем ба шумо барои пешниҳоди иттилооти воқеӣ, боэътимод ва босифат дастгириву қадршиносии худро изҳор намоем. Роҳбарони ҷаҳонӣ аллакай иқрор карданд, ки матбуоти озод барои вокуниши ҳаматарафа ба...

02.05.2020 - 15:46

Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар робита ба нигаронии аҳолӣ аз ҳолати эпидемиологӣ дар кишвар бо мактуб ба намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар ҶТ муроҷиат карда, дархост намудаанд, ки тавсияҳои онҳо ба назар гирифта шавад. - Таваҷҷуҳи шуморо ба он ҷалб менамоем, ки дар арафаи ташрифи ҳайати СУТ санаи 30-юми апрели соли 2020 мақомоти кишвар 15 ҳолати бемории COVID-...

01.05.2020 - 22:12

Дар истеҳсолоти судяи Cуди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе Исозода Хуршед Искандар парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Раҷабзода Шаҳбози Ҷурабек бо моддаҳои 187, қисми 2 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ) ва 401 прим 1 (ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ...

29.04.2020 - 18:10

16-уми апрели соли 2020 Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбати Далер Шарифов, ки ба “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” гунаҳгор дониста мешуд, ҳукм содир намуд. Суд ба рӯзноманигор дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати як сол бо адои ҷазо дар колонияи низомаш умумӣ ҷазо таъин кард. Рӯзноманигори маҳкумшуда аз шикоят овардан нисбати ҳукми суд бо тартиби кассатсионӣ...

28.04.2020 - 21:47

Страницы