Омбудсмен: «Маҳбусҳои Хуҷанд латукӯб нашудаанд»

Омбудсмен: «Маҳбусҳои Хуҷанд латукӯб нашудаанд»

Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон мавориди латукӯби зиндониён дар маҳбаси шаҳри Хуҷандро рад мекунад.

Ҳусниддин Нидоев, намояндаи Омбудсмени Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ гуфт, ки дар моҳи ноябри соли гузашта як гурӯҳ аз ин ниҳод барои ошноӣ бо вазъи маҳбусон, аз зиндонҳои Хуҷанд дидан кард. 

Вай гуфт, ин гурӯҳ пас аз арзу шикояти маҳбусҳо дар мавриди латукӯб ва мавориди шиканҷа дар маҳбаси Хуҷанд, ки дар расонаҳо нашр шуда буд, ба Суғд сафар карда ва бо зиндониён рӯ ба рӯ сӯҳбат намуд.

Ҳусниддин Нидоев ба унвони масъули баррасии ин қазия аз ҷониби Омбудсмен гуфт, ки зиндониҳо латукӯб нашудаанд, балки ҳангоми аз як маҳбас ба маҳбаси дигар интиқол додан, мавриди ташхиси тиббӣ қарор гирифтаанд. 

Вале ба қавли ҷаноби Нидоев, зиндониён Садриддин Тошев ва Суннат Ризоев аз муоинаи худ тавассути маъмурони маҳбас сарпечӣ кардаанд ва ин ба моҷаро анҷомидааст. Аммо тавре Ҳусниддин Нидоев гуфт, маҳбусҳо мавриди латукӯб қарор нагирифтаанд ва ба онҳо бадрафторӣ нашудааст. Ба қавли намояндаи Омбудсмен, маҳбусоне, ки ба Хуҷанд интиқол ёфтаанд, қасди бозгашт ба маҳбаси Душанберо надоранд.

Дар ҳамин ҳол, ваколатдори ҳуқуқи инсон Зариф Ализода рӯзи 30-юми январ ба хабарнигорон гуфт, ки тайи як соли ахир муроҷиату шикояти сокинон ба ин ниҳод бештар шудааст.

Ҷаноби Ализода афзуд, ки сокинони кишвар бештар аз ҳукмҳои ноодилонаи мақомоти судӣ, аз фаъолияти додситонҳо ва мақомоти корҳои дохилӣ шикоят мекунанд. Дар соли 2012 ба ин ниҳод ҳамчунин 10 шикоят оид ба шиканҷаи маҳбусон ворид шудааст.

Дар пайи ин шикоёт ва сару садоҳо дар робита ба шиканҷа шудани маҳбусони тоҷик, мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои муайян кардани шароити нигаҳдории маҳбусони тоҷик дар маҳбасхонаҳо, аз 13 муассисаи ислоҳӣ ва ду тавқифгоҳи тафтишотӣ дидан карда ва бо маҳбусон сӯҳбати рӯ ба рӯ намудаанд.

Омбудсмени тоҷик вазъи нигаҳдории маҳбусон дар зиндонҳо ва мувофиқ набудани биноҳои ин муассисаҳо барои нигаҳдории теъдоди зиёди зиндониёнро аз камбудиҳои аслӣ дар ин самт номид.

Ozodi