Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба қазияи латукӯби Қудратшо Хамедов, муовини сардори Шуъбаи кофтукови ҷиноии ноҳияи Рӯдакӣ дар пойтахт аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Сомонӣ вокуниш нишон дода, амали ӯро "авбошӣ" номид.
Дар ин бора Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилӣ, имрӯз, 22-юми феврал ба ТоjNews иттилоъ дод.
Бинобар иттилои манбаъ, боздошти корманди мазкур бо ҷурми содир кардани ҷинояти авбошӣ боиси нигаронии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ гардидааст.
- Дар ҳақиқат, санаи 3-юми феврали соли равон ба қисми навбатдории шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби шаҳрванд Қурбонов М., истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, телефонӣ хабар дода шуд, ки ҳамсояи ӯ капитани милитсия Хамедов Қудратшо дар ҳолати мастӣ қарор дошта, нисбати ӯ ва ҳамсояҳояш беэҳтиромӣ намуда, онҳоро бо алфози қабеҳ дашном додааст.
Баъди огоҳ гардидан аз хабари мазкур, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии ШВКД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба суроғаи зикргардида расиданд.
Ба гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ низ маълум гардид, ки капитани милитсия Қудратшо Хамедов дар ҳолати мастӣ қарор дорад ва ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, ҳаракатҳои дағалонаи худро идома додааст. Бинобар ин кормандони милитсия ӯро ба бинои ШВКД-и ноҳияи И.Сомонӣ, аниқтараш, ба утоқи кории №23, ки ба корманди оперативии ШВКД-и ноҳияи мазкур лейтенанти калони милитсия Асоев М. тааллуқ дорад, дастрас намуданд.
Дар он ҷо низ новобаста аз он ки Хамедов Қудратшо дар бинои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ ҳузур дорад, кирдорҳои авбошонаи худро идома дода, мизу курсиҳои утоқи кории мазкурро шикастааст. Бо мақсади ташхис намудани ҳолати мастии ӯ, кормандони милитсия ӯро ба Маркази ҷумҳуриявии наркологӣ дастрас намуданд, ки ҳолати мастии ӯ тасдиқ гардидааст.
Дар он ҷо низ ӯ ба кормандони милитсия муқобилият нишон дода, ба рафти ташхис халал расонидааст. Аз ҷумла, ваколатдори калони оперативии ШВКД-и ноҳияи И.Сомонӣ, капитани милитсия Солеҳов З.-ро бо сар ба рӯяш ду маротиба зада, қисмати рӯяшро газидааст.
Оид ба ҳодисаи мазкур 04.02.2013 аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Хамедов бо аломатҳои моддаҳои 237, қисми 2, банди «в» ва 330 қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
Худи ҳамон рӯз гумонбаршуда Хамедов Қудратшо дар асоси моддаҳои 91, 92 ва 94-и Кодекси мурофиаи ҷиноӣ дастгир карда шуда, 15 феврал нисбати вай бо иҷозати Суди ноҳияи И.Сомонӣ чораи пешгирӣ ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, санаи 18-evb феврал лейтенанти калони милитсия бо ҳамсояаш Оймаҳмадов С.Д. аз сабаби он, ки писари Оймаҳмадов - Оймаҳмадов Афзалшо писари ӯ - Хамедов Шерзод Қудратовичро задааст, муноқиша намуда, ҳамсояаш Оймаҳмадов С.-ро дашномҳои қабеҳ дода, мавриди латукӯб қарор дода, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда буд.
Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби масъулони Прокуратураи ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе дар санаи 26.08.2009 нисбати Қудратшо Хамедов парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237, қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне содир кардани ҷинояти авбошӣ оғоз карда шуда буд.
Новобаста аз он, ки дар кирдори Хамедов Қудратшо таркиби ҷиноят дида мешуд, аммо ҳангоми тафтиши парванда, бинобар сабаби оштӣ шудани тарафҳо ва сидқан пушаймон будани лейтенанти калони милитсия Хамедов Қудратшо аз кирдори худ парвандаи мазкур қатъ гардида буд,- мегӯяд Маҳмадулло Асадуллоев.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дар давоми фаъолияти худ аз соли 2003 то санаи дастгир шуданаш капитани милитсия Хамедов Қудратшо барои рафторҳои ғайриоинномавӣ, риоя накардани низомномаи адои хизмат, муноқишаву таҳқир бо ҳамсоягон, риоя накардани этикаи касбӣ ва бо шаҳрвандон дағалӣ намудан аз тарафи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ба ҷазои интизомӣ ҷалб карда шудааст.
Вобаста ба ин, аз тарафи масъулони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати капитани милитсия Қудратшо Хамедов санҷишҳои хизматӣ гузаронида шуда, чораҳои таъсиррасонӣ, аз қабили ҷазоҳои интизомии «сарзаниш», «огоҳӣ», «танбеҳ» ва «танбеҳи қатъӣ» дода шуда буд.
Мутаассифона, аз чунин таъсиррасониҳо капитани милитсия Хамедов Қудратшо ба худ хулосаи даркорӣ набароварда, баръакс, ҷинояти авбоширо содир кард, ки на танҳо ба шаъну эътибор ва обруи милитсия иснод овардааст, балки оила ва фарзандони худро ба ташвиш гузоштааст.
Қудратшо Хамедов баъди 4 рӯзи боздошт озод шуда буд, аммо баъди як ҳафта дубора бо қарори Суди Сомонӣ боздошт шуд. Хамедов ба Прокуратураи генералӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилии Сомонӣ шикоят бурдаааст. Хамедов кормандони корҳои дохилии Сомониро дар пуштибонӣ аз амалҳои ғайриқонунии ҳамсояаш айбдор медонад.