Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ рӯзи 22-юми май Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон Иван Шимоновичро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои торнамои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, иҷрои тавсияҳои абзорҳои СММ роҷеъ ба ҳуқуқи инсон, тасвиби санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ислоҳоти низоми судӣ дар кишвар ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд.
«Ёвари Дабири кулли СММ ба сиёсати Тоҷикистон, ки ба рушди минбаъдаи демократия, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ равона гардидааст, баҳои баланд дод», - омадааст дар хабари торнамои ВКХ.
Гуфта мешавад, ки вазири корҳои хориҷӣ ба И.Шимонович дар бораи пешниҳод гардидани номзадии Тоҷикистон ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ барои солҳои 2015-2017 маълумот додааст. Дар интиҳо ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкории шарикии самарбахш дар соҳаи ташвиқ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон изҳор доштанд.
Тибқи маълумоти торнамои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар ин рӯз Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон Иван Шимонович, намояндаи минтақавии Идораи Комиссари Олӣ барои Осиёи Марказӣ Армен Арутунян, Сардори бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Идораи Комиссари Олӣ Хулан Тседев ва муовини сардори бахши Аврупо ва Осиёи Марказии Идораи Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид Фиона Фрайзер дидору гуфтугӯ кард.
Зимни вохӯрӣ тарафайн масъалаҳои ҳамкорӣ бо Идораи Комиссари Олии СММ, татбиқи тавсияҳои механизми махсуси СММ оид ба ҳуқуқи инсон, тасвиби Протоколи ихтиёрии Конвенсияи СММ зидди шиканҷа, иқдомҳои мақомоти корҳои дохилиро оид ба мубориза бар зидди шиканҷа ва пешгирии он, зӯроварӣ нисбат ба занон ва ислоҳоти милитсияро мавриди муҳокима қарор доданд.